ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Хайрулло Мадисоев, корманди Шабакаи аввали ТВТ, ки моҳи апрели соли ҷорӣ ба иттиҳоми гирифтани ришва аз сӯи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза зидди коррупсия боздошт шуда буд, озод гардидааст, менависад "Радиои Озодӣ".
Як манбаи огоҳ аз ин қазия гуфт, Мадисоев ба буҷаи давлат ҳамчун ҷарима ҳашт ҳазор доллари амрикоӣ, муодили 42 ҳазор сомонӣ, пардохт кардааст.
Вале худи ӯ дар сӯҳбати телефонӣ бо радио бо зикри он ки "проблемааш пурра ҳал нашудааст", афзудааст, "ҳанӯз мурофиа дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур идома дорад".
Олим Забирзода, сухангӯи Оҷонсии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия низ гуфтааст, "моддае, ки бо он Хайрулло Мадисоев айбдор мешуд, 247-и Кодекси ҷиноист ва он марбут ба қаллобӣ аст ва бастани ҷаримаро дар пай дорад".
Забирзода афзуд, агар Мадисоев ҷаримаи муқарраркардаи додгоҳро пардохт карда бошад, пас, аз пайгарди қонунӣ раҳо шудааст.
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Хайрулло Мадисоев, муҳаррири идораи сиёсии Шабакаи аввали Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистонро ҳангоми гирифтани 3 ҳазор доллар аз шаҳрванде бо номи "Н" боздошт карда буд. Бинобар хулосаҳои тафтишот, ин корманди Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ҳамроҳ бо муҳандис-заминсози ҷамоати Лоҳур Абдусаттор Мирзоев барои миёнҷигарӣ дар гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз як сокини ҷамоати Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ бо номи "Н" гӯё 6 ҳазор доллар талаб кардааст.
Тафтишот мегӯяд, Хайрулло Мадисоев ба ин нафар, ки бо ӯ аз қабл шинос будааст, ваъда мекунад, ки дар якҷоягӣ бо Абдусаттор Мирзоев, муҳандис-заминсози ҷамоати Лоҳур барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ мусоидат хоҳад кард. Хайрулло Мадисоев рӯзи 9 апрели соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба ҳангоми аз шаҳрванд "Н" гирифтани 3 ҳазор долллар аз пули ваъдагии 9 ҳазор доллар боздошт шуд.
Хайрулло Мадисоев як корманди собиқадори телевизиони давлатии Тоҷикистон аст, ки на камтар аз 20 соли охир дар ин муассиса кор кардааст. Дар гузашта ӯ дар шӯъбаи кишоварзии телевизион ба унвони гузоришгар фаъолият мекард.