Дар Душанбе ҷашнвораи театрии “Парасту” баргузор мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевТеатри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ. Акс аз бойгонӣ
Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои аввалин бор ба ҳайати доварони ҷашнвораи “Парасту-2015”, ки ба 100-солагии Ҳунарманди мардумии ИҶШС (СССР) Аслӣ Бурҳонов бахшида шудааст, театршиносон, ҳунармандони санъат ва чеҳраҳои шинохтаи фарҳангии ИДМ шомил гардиданд.

ДУШАНБЕ, 29 мая — Sputnik. Аз 15 то 19-уми июн дар Душанбе баргузории ҷашнвораи ҷумҳуриявии ҳамасолаи театрҳои касбӣ таҳти унвони "Парасту-2015" дар назар аст, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Фестивали имсола ба хотири ёдбуд ва гиромидошти Ҳунарманди мардумии ИҶШС Аслӣ Бурҳонов бахшида шудааст.

Бинои театри лӯхтаки Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Театри лӯхтаки Душанбе дар Бишкек ҳунарнамоӣ дорад

Барои аввалин бор ба ҳайати доварони ҷашнвораи "Парасту-2015" театршиносон, ҳунармандони санъат ва чеҳраҳои шинохтаи фарҳангии ИДМ шомил гардиданд.

Дар ҳоли ҳозир корҳои омодагӣ аз ҷониби муассисаи давлатии "Базморо" ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон идома доранд.

Маросими ифтитоҳ ва хотимаи ҷашнвора дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ мутаносибан рӯзҳои 15 ва 19-уми июн доир мегардад.

Ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбии мамлакат таҳти унвони "Парасту" дар Тоҷикистон шурӯъ аз соли 1988 ба ин сӯ баргузор мешавад. Фестивали қаблӣ бошад, соли 2013 ба 100-умин солгарди Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон София Тӯйбоева бахшида шуда буд.

 

Лентаи хабарҳо
0