БҶ: судоварии низоми бонкии Тоҷикистон зери суол аст

CC BY 2.0 / Tax Credits / ATMБанкомат. Акс аз бойгонӣ
Банкомат. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки ҷаҳонӣ аз дурнамои низоми бонкии Тоҷикистон хушбин нест.

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Низоми бонкии Тоҷикистон ба бӯҳронҳо осебпазир аст ва судоварии муъассисаҳои молии кишвар ба ҳеҷ расидааст, зикр мекунад Бонки ҷаҳонӣ, аммо ин амр аз афзоиши ҳармоҳаи мизони пасондозҳо ва қарзҳо монеъ намешавад, хабар медиҳад сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон.

Омори низоми бонкии Тоҷикистон дар соли 2014 ҳокист, ки раванди бадтар шудани кайфияти дороиҳо идома ёфта мизони қарзҳои бозпас нашуда аз 23% дар авохири соли 2013 то ба 27,2% дар моҳи декабри соли 2014 афзоиш ёфтааст, зикр мешавад дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ.

Вазорати молияи Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати молия: Тоҷикистон аз қарзҳо дида бештар ба кӯмакҳо ниёз дорад

"Ба ин далел, ки қарзҳо дар Тоҷикистон иштибоҳан ба гурӯҳҳо ҷудо нашудаанд, эҳтимол дорад, ки мизони воқеъии қарзҳои бозпас нагардида бештар аз ин мебошад. Мизони дороиҳои низоми бонкӣ аз 22,1% дар декабри соли 2013 то 14,7% як соли пас коҳиш ёфтааст", — омадааст дар гузориш.

Судоварии низоми бонкии кишвар ба ҳеҷ расидааст, муътақидан дар БҶ. Далели ин амр мизони манфии судмандии дороиҳои бонкҳо мебошад, ки ба 4,4% расидааст.

"Бо эҳтимоли зиёд бонкҳои Тоҷикистон бо фишори қарзҳои бозпаснашуда рӯбарӯ ҳастанд ва ҳамакнун зуд-зуд ба Бонки миллӣ барои дарёфти эътиборот ба манзури додани қарзҳо муроҷиъа мекунанд", — зикр шудааст дар гузориш.

Низоми молии ҷумҳурӣ, ба эътиқоди БҶ, дар қиболи бӯҳронҳо, назири ҳамоне, ки феълан кишвар бо он рӯбарӯ аст, сахт осебпазир мебошад.

Дар ҳамин ҳол ба иттилоъи Бонки миллӣ, мизонӣ пасандозҳо дар моҳҳои январ ва апрели соли ҷорӣ дар бонкҳои кишвар дар муқоъиса бо ҳамин давраи соли гузашта 29,7% афзоиш ёфтааст.

Пули қарз. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Бонкҳо муввазаф шуданд суди қарзҳоро тибқи қурби расмӣ бипазиранд

"Пажӯҳиш собит кард, ки ин пасандозҳоро умдатан мардум мекунанд — 65,1% аз сӯйи мардум ва 34,9% маблағи ширкатҳову корхонаҳо мебошанд. Суди муттавасити пасандозҳо ба пули миллӣ 15,10% ва ба арзи хориҷӣ 11,89% мебошанд", — хабар медиҳад БМТ.

Дар мавриди қарзҳо бошад, БМТ мисли маъмул танҳо дар бораи миқдори боқимонадаи онҳо иттилоъ дода, омори эътибороти ироъашударо эълом намекунад.

Дар авохири моҳи апрел дар муъассисоти молӣ миқдори боқимондаҳои қарзҳо ба 32,2% афзоиш ёфта 11 миллиарду 134,5 миллион сомонӣ шудааст.

Мизони мутавассити эътиборот дар авохири моҳи апрел 23,92% ба арзи хориҷӣ ва 16,3% ба пули миллӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0