Бонкҳо муввазаф шуданд суди қарзҳоро тибқи қурби расмӣ бипазиранд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкПули қарз. Акс аз бойгонӣ
Пули қарз. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба бонкҳо дастур шудааст, ки арзи ғайринақдиро на гаронтар аз 1% аз қурби расмӣ ва арзи нақдиро на гаронтар аз 1,5% қурби расмӣ бифурӯшанд.

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Бонкҳо муваззафанд маблағи суди қарзҳои додаро тибқи қурби Бонки миллӣ бипазиранд, чунин тасмими БМТ 21 марта тасвиб шудааст, хабар медиҳад сомонаи ин ниҳод.

"Қурби фурӯши арз ба муштариён — шахсони воқеъӣ, ки суди қарзҳоро бармегардонанд, набояд аз қурби муқарраршудаи Бонки миллӣ барои ҳамин рӯз баландтар бошад", — тавзеъ дода мешавад дар ҳошияи тасмими гирифташуда.

Дар ҳамин ҳол, зикр мешавад дар хабар, вазифа гузошта шудааст, ки арзи хориҷиро на гаронтар аз 1% аз қурби расмӣ дар бозори нақдӣ ва на гаронтар аз 1,5% дар бозори ғайринақдӣ фурӯхта шавад.

Нархи маҳсулот дар аввали моҳи декабр дар яке аз бозорҳои Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Мақоми шашуми Тоҷикистон аз рӯи таваррум миёни кишварҳои собиқи ИҶШС

Кормандони Бонки миллӣ аз оғози моҳи март бозрасии созмонҳои қарздиҳиро ба манзури иҷрои ин муқаррарот оғоз кардаанд. "Дар сурати ошкор шудани нақзи ин муқаррарот иқдомоти таъсирбахш гирифта хоҳанд шуд", — қавл медиҳад Бонки миллӣ.

Дар ҳамин ҳол рӯзи сешанбе қурби доллар боз баланд шуда дар нуқоти муъодилаи асъор қиммати хариди он ах 6,27 то 6,33 ва қиммати фурӯши он аз 6,29 то ба 6,35 боло рафтааст.

Дар ҷумҳурӣ 138 муъассисаи қарздиҳӣ, ки миёни онҳо 17 бонк аст, фаъолият мекунанд.

Соли гузашта, ба иттилоъи БМТ, онҳо ба маблағи беш аз 8,4 миллиард сомонӣ қарз додаанд, ки беш аз 4,7 миллиарди он ба арзи хориҷӣ ироъа шудааст. Аз ин маблағ 3,7 миллиард ба тоҷирон дода шудааст.

Дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ, зикр мекунад БМТ, маблағи қарзҳои ироъашуда беш аз 1 миллиард сомонӣ аст, ки аз ин миқдор 641 миллион сомонӣ ба арзи хориҷӣ дода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0