Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Илҳом Алиев

© Sputnik / Амир ИсаевЭмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар робита ба солгарди истиқлолияти Озарбойҷон, Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури он кишвар паёми табирикӣ фиристодааст.

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 28 май бо ирсоли як паёми шодбошӣ Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷонро ба муносибати солгарди ҷашни миллии кишвараш табрик намудааст, менависад хабаргузории "Озодагон".

Табрикоти Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои қазоқаш

Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи табрикии худ гуфтааст, "бо шарофати татбиқи амиқи хатти машй ва рушди босуботи иқтисодӣ, имрӯз Озарбойҷон дар худ кишвари рушдёбандаро таҷассум намуда, бо қатъият ба самти пешрафт ва созандагӣ пеш меравад", менависад хабаргузорӣ.

"Кишварҳои моро решаҳои таърихии дӯстӣ ва эҳтироми мутақобила бо ҳам мепайванданд. Мо ба дурнамои ҳамкориҳои манфиатовари Тоҷикистону Озарбойҷон дар ҳамаи самтҳо хушбинона нигариста, омодаем, ки кӯшишҳои заруриро барои татбиқи иқтидори бузурги он равона созем. Мутмаинам, ки мо дар якҷоягӣ метавонем муносибатҳоямонро ба манфиати кишварҳоямон ва мардумони он инкишофи бештар бахшида, ҳадафҳоямонро амалӣ намоем", — гуфтааст президенти Тоҷикистон.

Вай дар хитоб ба Илҳом Алиев илова намудааст, "дар ин рӯзи тантанавӣ ба шумо, саломатии бардавом, хушбахтӣ, дар фаъолияти давлатиатон муваффақиятҳои зиёд ва ба мардуми дӯсти Озарбойҷон сулҳу пешрафт таманно дорам".

Лентаи хабарҳо
0