ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як нома Нурсултон Назарбоевро барои бори дигар президенти Қазоқистон эълон шуданаш табрик гуфтааст, менависад сомонаи президент.
"Мӯҳтарам Нурсултон Абишевич, басо сарфарозам, ки Шуморо ба муносибати ба мансаби олии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон такроран интихоб шуданатон самимона муборакбод намоям", — омадааст дар номаи Раҳмон, ки субҳи 27 апрел нашр гардид.
Эмомалӣ Раҳмон ғолиби интихоботи президентии Қазоқистон эълон шудани ҳамтои қазоқашро ба сиёсатҳои созандаи ӯ рабт додааст.
"Пуштибонии васею бешубҳаи сиёсати созандагии Шуморо ба манзури шукуфоии кишвар, дар арсаи ҷаҳон бемайлон баланд бардоштани обрӯи он ва беҳбудии халқи он ба тамоми ҷаҳон намоиш дод", — омадааст дар барқия.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар идома аз рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон ибрози қаноатмандӣ карда, ибрози умедворӣ кардааст, минбаъд низ Назарбоев ба рушду густариши ҳамкории байни Душанбеву Остона мусоидат мекунад.
"Мо аз ҷониби худ барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи байни ҳар ду давлат ҳамаи чораҳои заруриро мебинем", — гуфтааст президенти Эмомалӣ Раҳмон.
Комиссияи интихоботи Қазоқистон ахиран эълон кард, Нурсултон Назарбоев дар интихоботи рӯзи якшанбе 97,5 дарсади ороро ба даст овардааст. Интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Қазоқистон рӯзи якшанбе (26 апрел) баргузор шуд ва ба иттилои КИҚ беш аз 95 дарсади мардуми дорои ҳаққи раъй дар он иштирок кардаанд. Дар баробари Назарбоев, Тургун Сиздиқов, раиси Ҳизби коммунистӣ ва Абелгазӣ Кусаинов, раиси Иттиҳодияҳои синфии Қазоқистон довталаби курсии президентӣ буданд. Нурсултон Назарбоев баъд аз суқути Шӯравӣ ва истиқлол ёфтани Қазоқистон дар соли 1991 ин кишварро раҳбарӣ мекунад.
Қарор буд, интихоботи президентии Қазоқистон дар моҳи апрели соли 2016 баргузор шавад, аммо бо далели ба интихоботи парлумонӣ рост омадани он Анҷумани халқи Қазоқистон пешниҳод кард, як сол қабл гузаронда шавад. Баргузории интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Қазоқистон таҷрибаи наве нест. Чор соли пеш дар ин кишвар чунин як интихобот баргузор шуд ва КИҚ эълон кард, Назарбоев 95,5 дарсади овозҳоро соҳиб шудааст.