Нигматуллин гуфт, барои гузоштани ин рекорд ҳудуди се моҳ тамрин кардааст.
"Ман пинҳон намедорам: вақте бори аввал ба ин бино наздик шудам, он қадар боварӣ надоштам. Шояд 30 дарсад эътимод доштам, ки ин корро карда метавонам. Аммо, тавре дар урфият мегӯянд "чашм метарсад, аммо пойҳо амал мекунанд", — иброз дошт вазнбардори маъруф.
Қаблан ин варзишкори рус шутури 700 килограммиро боло бардошта, тӯли 40 дақиқа дар китфаш нигоҳ дошта буд.
Элбрус Нигматуллин — устоди варзиш дар риштаи пауэрлифтинг ва армрестлинг (вазнабардорӣ), ноиб-қаҳрамони сабқати "Бақуваттарин одами Сайёра" дар соли 2005, ғолиби чаҳоркаратаи мусобиқаи "Бақуваттарин одами Русия" мебошад. Чанд рекорди ҷаҳониро гузоштааст, ки дар китоби "Рекордҳои Гиннес" сабт шудаанд. Нигматуллин моҳи июни соли гузашта дар боғи тафреҳии "Гагарин"-и Челябинск чархофалаки 34-тоннаро дар ҳашт дақиқа давр (тоб) дод.