Бозор Собир: ман ҳеч гоҳ опозитсионер набудам

© Sputnik / Амир ИсаевБозор Собир. Архивное фото
Бозор Собир. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бозор Собирро дар оғози соли 1993 барои 9 моҳ ба зиндон кашонданд ва ӯ дар поёни ҳамон сол бо мусоидати созмонҳои байналмиллалии ҳомии ҳуқуқ раҳо ёфта, ба Маскав ва аз он ҷо соле баъд ба Амрико рафт.

Бозор Собир: ман ҳеч гоҳ опозитсионер набудам

27 май аз бозгашти Бозор Собир ба Тоҷикистон 2 сол пур шуд. Шоми он рӯз Шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон эълон кард, ки Бозор Собир барои ҳамешагӣ ба кишвар баргаштааст. Роҷеъ ба ин ки чаро бозгашт, чӣ муомила бо ҳукумат дошт ва феълан чӣ рӯзгоре доред, вай зимни як мусоҳиба посух дод.

Ҳадафи бозгашт

Аз бозгашти шумо ба Тоҷикистон ду сол пур шуд. Кишварро чӣ гуна ёфтед? Маъзарат мехоҳам барои ин суол, вале маъмурам ки бипурсам: оё аз баргаштанатон пушаймон нашудед?

Поэт Бозор Собир. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бозор Собир: ҳадафи бозгашт ба хатти форсӣ ҷумҳурии исломист

— Комилан не. Ман қаблан ду дафъа омада будам. Дар он ду дафъа Тоҷикистон то ин ҳад обод набуд. Тоҷикистон ҳанӯз бо тартиб ва озода набуд. Тоҷикистоне буд бесару сомон, қашшоқӣ. Ҳанӯз осори ҷанг дар зиндагӣ дида мешуд, харобаҳои ҷанг дида мешуд. Вале ин дафъа ки омадам ба гумони ман Тоҷикистон дар муқоиса аз тамоми ҳамсояҳояш беҳтарин аст. Дар муқоиса бо Эрон, Туркия Ҳиндустон ки ман дидаам. Бо Афғонистон аслан қобили қиёс нест. Кишварҳои собиқ шӯравӣ ҳамааш обод ҳастанд, як муддат хароб шуданд, вале ҳоло ҳамааш хубанд.

Ободии кишвар ба ин маънӣ, ки ободонии шаҳр ҳаст, ободонии деҳот ҳам кам нест. Ҳамин саноат надорад, ки саноат ба тадриҷ мешавад. Қувваи барқ, ки шуд саноат ҳатман мешавад. Ҳамчунин дар масъалаи озодии занон аз ҳамаи ҳамсояҳояш беҳтар аст.

Вале ҳукуматдориву давлатдориаш нав нест. Ин мероси шӯравӣ аст. Дар маҷмӯъ, ман бе ягон шакку шубҳа метавонам гӯям, ки дар ояндаи наздик яке аз давлатҳои муттарақии Осиёи Миёна мешавад.

Бо камоли қаноатмандӣ Тоҷикистонро қабул дорам.

- Соли 2008 дар матбуот хонда будем, ки гуфтед ба Тоҷикистон барнамегардед. Ҳатто манзили охирати худро дар Амрико харида будед. Соли 2010 вақте ба Тоҷикистон омадед, ҳангоми рафтан низ таъкид карда будед, ки дигар барнамегардед. Чӣ чиз дақиқан боис шуд, ки шумо баргардед ва ин ҷо боқӣ бимонед?

— Ду дафъаи қаблӣ, ки омада будам, чандон хоҳиши истоданро надоштам. Баъд дидам, ки кишвар ба тадриҷ як ҷумҳурии обод, аксаран бо кумаки хориҷӣ ҳам бошад, худашро обод карда истодааст. Баъд, дуввум ин ки хоки ватан мекашад. Хоки ватан хоҳ бад аст, хоҳ нек, ин табиӣ аст, ки одамро мекашад. Ман нафрат надоштам ба Тоҷикистон, қатъан. Ҳатто гуфта будам, ки вақте ба Амрико рафтам, дар ҳавопаймо хостам, ки ба шишаи ҳавопаймо хат кашам, ки дигар барнамегардам. Аммо бе ихтиёр шишаро бӯсидам. Фаҳмидед?! Инро шумо гуфта наметавонед.

Воқеан, боз ин пирӣ ҳаст. Пирӣ хоҳ нохоҳ мекашад, баъд ин авлоду аҷдод аст, ин ҳам мекашад. Дар ҳар куҷои дунё ки набошед, шумо аз ҳамон миллате ки ҳастед, аз ҳамон боқӣ мемонед. Дар ҳамон Амрико ҳам мо тоҷик будем. Дар Эрон ҳам тоҷик будем, дар Туркия ҳам мо тоҷик будем, дар Ҳиндустон ҳам тоҷик будем. Дар ҳич куҷо нагуфтем, ки мо амрикоием ва ё амрикоӣ мешавем. Ҳолиям бачаҳои ман дар Амрико ҳастанд, ҳамаашон тоҷиканд ва худро тоҷик мегӯянд. Ҳарчанд ки ҳамаашон шиносномаи амрикоӣ доранд, хориҷӣ гап мезананд, лекин мегӯянд, ки мо тоҷикем.

Ман ин дафъа бо хоҳиши ҳукумат омадам. Ду дафъа ҳам хоҳиш карда буданд. Ман чандон майл надоштам ва охир дидам, ки хоҳиш ҷиддӣ аст, қабул кардам.

© Sputnik / Амир ИсаевМусаввараи Бозор Собир дар манзилаш.
Бозор Собир: ман ҳеч гоҳ опозитсионер набудам - Sputnik Тоҷикистон
Мусаввараи Бозор Собир дар манзилаш.

-Мо албатта хурсанд ҳастем. Вале хонандаи мо инро мехоҳад бидонад, ки миёни шумо бо ҳукумат чи шарту шароит буд? Чӣ имтиёзе барои шумо пешниҳод шуд, ки даъватро қабул кардед?

— Ҳич пешниҳоде набуд ва ҳеч шарт ҳам дар миён набуд. Ҳамин ки як рӯз Сироҷиддин Аслов, намояндаи Тоҷикистон дар СММ телефон карда гуфт, ҳамин хел масъала ҳаст, чӣ мегӯед? Гуфтам, биё аз пеш маслиҳат мекунем. Омад. Сӯҳбат кардем. Ман ҳич чиз талаб накардам. Нагуфтам, ки ба мо чӣ шарт мешавад, чӣ имтиёз мешавад. Вақте ки хоҳиш самимӣ буд, бисёр рафиқонаву бародарона буд, ман ҳатто фикр ҳам накарда, қабул кардам. Ин чизҳое ки ҳоло мегӯянд, ман имтиёз гирифтаму хона гирифтаму фалону фалон — ин хели гапо набуд, ман ҳатто фикр ҳам намекардам, ки ба ман хона медиҳанд. Ман фикр мекардам, ки хонаи ягон хешам рафта зиндагӣ мекунаму баъд худам ягон хонача ягон ҷо пайдо мекунам.

Хуллас, ҳич чиз набуд миёни мо. Ҳамин як сӯҳбати рафиқонаву самимона буд.

"Гурги даҳонолудаи Юсуфнодарида"

- Мо дар хотир дорем, ки соли 2010 барои баргузории шаби эҷодии шумо дар Душанбе толор надода буданд. Аммо ҳоло чӣ чиз боис шуд, ки якбора муносибати шумо бо ҳукумат 360 дараҷа тағйир ёфт?

— Аввал ин ки ман гурги даҳонолудаи юсуфнодарида будам. Яъне, гӯё ки ман опозитсионер будам. Ман дар асл опозитсионер набудам. Ман бо опозитсияи тоҷик, опозитсияи исломӣ аслан ягон муносибат надоштам. Дар ягон маҷлису машварати онҳо иштирок надоштам. Лекин бадном шуда будам. Бадномӣ. Набошад, ман дар муқобили ҳукумат ҳеч гоҳ ягон чизи ҷиддӣ нагуфтам ва ягон тӯҳматнома ҳам нанавиштам. Ман ҳеч гоҳ; на дар Маскав ва на дар Афғонистон дар маҷлисҳои онҳо иштирок надоштам. Даъват ҳам намекарданд, росташ. Аммо мардум гумон мекарданд, ки ман опозитсионерам. Баъд, воқеан худи президент гуфт, ки мо шумора омӯхтем. Гуфт, куҷо шумо опозитсионер будед, шумо опозитсионер набудед-ку?! Гуфтам, ман набудам, охир. Мардум ҳамту овоза мекарданд.

Барои ҳамин бадномашавӣ буд, ки толор надоданд (дар соли 2010). Ягон гапи беҳуда нагӯяд, ягон иғвогарӣ накунад, ягон тӯҳмат назанад, гуфта. Ба ҳамин андеша надода буданд. Лекин ман ҳич вақт опазитсионер набудам, дар сафи опозитсионерҳо набудам. Опозитсия омад Душанбе, оштӣ кард. Ҳатто 30 дарсади вазифаҳоро гирифт. Ягон бор нагуфтанд, ки ту дар куҷоӣ, чӣ кор мекунӣ. Ҳатто телефонӣ ҳам ягон кас боре ҳам дар ин мавзӯъ ба ман гап назадааст. Лекин бадном шуда будам, ҳанӯз ҳам ҳаст, ҳоло ҳам ба тамом соф нашудаам.

- Номаҳои шумо аз Амрико мерасид, ки ҳукуматро танқид мекардед. Ҳамчун як соҳибназар, ҳукуматдоронро зери тозиёнаи танқид мегирифтед. Фаразан агар ин ба маънии опозитсионӣ ҳам қабул нашавад, ба ҳар сурат, бо он назарҳои шумо ҳукумат мушкил надошт?

— Танқиди воқеии ҷиддӣ набуд, аммо эрод мегирифтам. Масалан ба бисёр корҳое, ки ҳамон замон хуб набуданд, эрод мегирифтам. Масалан масҷидсозӣ, мазорсозӣ ҳамин корҳоро ман эроди бисёр мегирифтам, ки ин корҳоро кардан оқибати хуб надорад. Ҳамчунин, дар мавриди партияҳо ҳам ман эрод мегирифтам, ки ин қадар партияву ин қадар матбуоти бесару сомону  бе кантрол лозим нест. Аз ин қадар матубот ғайр аз иғвогариву шӯрондани ҷамъият дигар ҳичи манфиате намерасад. Ҳизб ҳам ҳамин корро мекунад, аслан. Бештари эродҳои ман дар ҳамин масъалаҳо буд. Ноободӣ буд, воқеан, он замонҳо.

- Шумо дар Тоҷикистони шӯравӣ истиқомат доштед, дар Эрон будед, дар Русия будед, дар Амрико будед. Вале ҳамаи ин кишварҳоро танқид кардаед. Имрӯз омадед Тоҷикистони мустақил. Оё камбудиҳои ин кишварро надидед?

— Акнун ин хел давлате нест, ки мутлақо давлати намунавӣ бошад. Ҳамаи давлатҳо камбудиҳои иҷтимоӣ, хусусан иҷтимоӣ, бисёр доранд. Аз ҷумла шӯравӣ ҳам. Ман шӯравиро танқид намекардам, баъзе эродҳо буданд, ки дар шеърҳо ишора мекардам. Вале баъди аз даст рафтани шӯравӣ ба қадри вай расидем. Мо дар ҷои он давлат чӣ сохтем? Як системаи капиталистӣ. Ҳамаи ҳамин давлатҳои ҳудуди  шӯравии собиқ капиталистианд. Ғайр аз Белорусия ва каму беш Молдавия.

© Sputnik / Амир ИсаевШоир Бозор Собир
Бозор Собир: ман ҳеч гоҳ опозитсионер набудам - Sputnik Тоҷикистон
Шоир Бозор Собир

- Хулоса, рӯзе мешавад, ки шумо камбудиҳои Тоҷикистони мустақилро ҳам бепарда бигӯед?

— Ҳар рӯз мешавад. Чаро не? Системаи Тоҷикистони соҳибистиқлол масалан ин намунаи ибрат нест. Як ҷумҳурии муқаррарӣ аст. Хайр, аз ҳамсояҳояш беҳтар аст, хубтар аст, озодтар аст. Аммо намунаи ибрат нест ва ин системаро ман дар Тоҷикистон ҳам қабул надорам.

"Шаҳрванди Тоҷикистон нестам"

- Шумо шаҳрванди Амрико будед. Ҳоло ҳам ҳастед ва ё шаҳрвандии Тоҷикистонро дарёфт кардед?

— Ҳоло ҳам шиносномаи амрикоӣ дорам, аммо шиносномаи хориҷии тоҷикӣ низ дорам. Барои он ки бо шиносномаи тоҷикӣ билети ҳавопаймо арзонтар аст. Бо шиносномаи амрикоӣ билетҳо қимматар фурухта мешаванд. Ҳамин қадар фарқ дорад, дигар ҳеч.

- Бо шиносномаи хориҷӣ буду  бошатан дар Тоҷикистон душвор нест?

— Ҳозир каме душворӣ ҳаст. Ҳар се моҳ ва ё ҳар шаш моҳ як бор рафта раводид (виза)-ро тамдид мекунем. Амрико танҳо бо Исроил душаҳрвандиро ба роҳ мондааст, дигар кишварҳои ҷаҳон аз ин маҳруманд. Охири моҳи май ба Амирко сафар дорам, бачаҳоро диданӣ меравам. Барои ҳамин ҳар ду шиноснома лозим аст. Лекин ният дорам, ки шаҳрвандии Тоҷикистонро дарёфт кунам.

- Баъд аз бозгаштатон борҳо бо президент вохӯрдед. Дар чӣ мавзӯҳо сӯҳбат доштед?

— Бисёр не, ду — се дафъа вохӯрдем. Бисёртар дар маҷлисҳо, дар мулоқотҳо вомехӯрем. Аммо махсус як вохӯрии кориву амалӣ нашудааст. Тақрибан аз ман ҳеч чиз напурсидаанд. Мавзӯи сӯҳбати мо умумӣ аст. Нағз ҳастед? Ташаккур, нағзем. Бачу каҷ нағз? Нағз. Ягон чӣ зарур ҳаст? Тамом, ҳамин. Ягон чизи ҷиддӣ нест.

- Дар мавзӯи идеяи рамзи Ваҳдати миллӣ аз шумо машварат пурсиданд?

— Не, напурсиданд. Ман аз нашрияҳо хондам. Муҷассамасозиву ҳайкалсозӣ як харҷи беҳуда аст, аслан нодаркор аст. Харҷҳои нодаркор бисёр аст ин ҷо. Аз ҷумла ҳамин рамзи Ваҳдати миллӣ. Лекин, ба хотири мардум даркор. Ҳамин хизмати ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол Ваҳдати миллӣ аст. Ваҳдати миллӣ камбудии ҳукуматро рупӯш мекунад. Ҷанг нест, мардум тифоқ зиндагӣ дорад. Ҳамин Ваҳдати миллӣ ҳамаи камбудиҳои дигарро мепӯшонад. Аз ҳамин хотир даркор аст ин рамз.

© Sputnik / Амир ИсаевБозор Собир шарҳи хонандагонро ба мақолаи "Падарони миллат"-аш мехонад.
Бозор Собир: ман ҳеч гоҳ опозитсионер набудам - Sputnik Тоҷикистон
Бозор Собир шарҳи хонандагонро ба мақолаи "Падарони миллат"-аш мехонад.

- Дар мақолаи "Падарони миллат", ки дар нашрияи "СССР" қаблан нашр шуда буд, навиштед, ки ғайр аз Рӯдакиву Синову Фирдавсӣ ва Хаём дигар классикҳоро намедоштем, хубтар мебуд. Шуморо нодуруст фаҳмидем ва ё воқеан ҳамин гуна фикр доред?

— Ман ягон фикри пинҳонӣ надорам. Воқеан, ҳам адабиётро ва ҳам шуури мардумро "суфизм" ба ифрот расонидааст. Суфизм мардумро аз зиндагии заминӣ дур кард. Зарари суфизм дар ҳаёти мардуми тоҷик аз ҳама зиёд аст. Тамоми фанатизме (таассуб- шарҳ аз идора), ки дар мо ҳаст, ҳамааш аз суфизм аст. Аз Носири Хусраву Ҷолиддини Румӣ гирифта, ҳамааш тарғиби суфизм мекарданд, мардумро аз зиндагии реалӣ, ҳаёти иҷтмоӣ дур мекарданд. Мардумро дарвешу қаландар мекарданд, мардумро "бомж" мекарданд. Ана ҳамин зарари суфизм аст. Мардумро рӯҳафтода карданд. Чунон заъиф карданд, чунон шикаст доданд, ки мардум ба душман дигар муқобилат карда натавонистанд. Мардум ба умеди таваккал зиндагӣ мекарданд. Мардум мегуфтанд, Худо тияд — метияд, натияд — дигар ҳеч. Аз пайи зиндагӣ намегаштанд.

- Ва ҳоло аз мардум даъват мекунанд, ки шукрона кунед…

— Ин ҳам ҳамон аст. Давоми ҳамон корҳо аст. Дигар ҳичи нест.

- Евгений Евтушенко, шоири рус мегӯяд, шоир дар Русия бештар аз як шоир аст ("Поэт в России больше чем поэт"). Ба назари шумом шоир дар Тоҷикистон кист?

— Шоир дар Тоҷикистон масъул аст, масъули халқаш аст. Бо масъулияттарин фард дар ҷамъият — шоир аст. Шоир масъул аст, ки ҳар воқеаи ки дар ҷамъият мешавад, эҳсос кунад.

- Дар ду соли охир чӣ эҷод кардед?

— Эҳ, афсӯс ҳоли ягон чизи нақд надорам. Як чанд чиз буд, чоп шуд дар газетаҳо. Баъд ҳавсалаи шеърнависӣ ҳам пир шуд. Шеърнависӣ кори ҷавонон аст. Шоир, ки бо шеър зиндагӣ кард, хоҳ нохоҳ то лаҳзаи охир менависад. Вале ин синну соли мо дигар давраи шеърҳои панду насиҳатӣ аст.

Маълумотнома:

Бозор Собир соли 1938 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Ӯ дар солҳои 70 ва 80 асри гузашта дар саргаҳи ҷунбиши бедории мардуми тоҷик қарор дошт. Вай бо шеърҳое, чун "Забони модарӣ", "Девори Бухоро", "Ватан" ва "Тоҷикистон" дар радифи Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва Гулрухсор аз маҳбубтарин шоирони тоҷики замони шӯравӣ ба ҳисоб мерафт.

Бозор Собир дар охири солҳои 80 ба ҷунбиши мардумии "Растохез" пайваста, соли 1990 вакили Шӯрои олӣ — парлумони вақти Тоҷикистон интихоб шуд. Баъди пирӯзии Фронти халқӣ ва ба сари қудрат омадани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон Бозор Собирро дар оғози соли 1993 барои 9 моҳ ба зиндон кашонданд ва ӯ дар поёни ҳамон сол бо мусоидати созмонҳои байналмиллалии ҳомии ҳуқуқ раҳо ёфта, ба Маскав ва аз он ҷо соле баъд ба Амрико рафт.

Шурӯъ аз соли 1994 то моҳи майи соли 2013 муқими ИМА буд. Дар ин муддат ду дафъа; соли 2000 ва 2010 ба Тоҷикистон омада буд.

27 майи соли 2013 Шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон дар барномаи шомгоҳии "Ахбор" эълон кард, ки Бозор Собир баъд аз солҳои тӯлонии ҳиҷрат дар Амрико барои ҳамешагӣ ба Тоҷикистон баргаштааст.

Шабакаи аввал эълон карда буд, ки вай бо даъвати президент Эмомалӣ Раҳмон ба кишвар омадааст. Ин хабари телевизион боис шуд, то бисёриҳо ҳадс бизананд, ки Бозор Собир маҳз дар соли интихоботи президентӣ даъват шудааст ва пушти ин даъват "ғаразҳои сиёсӣ" ниҳон аст.

Аммо дертар ҳам шоир ва ҳам дафтари раёсатҷумҳурӣ ин ҳадсу тахминҳоро рад карданд.

Лентаи хабарҳо
0