ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Раиси Хадамоти мубориза бо маводи мухаддири Русия Виктор Иванов дар нишасти Душанбе гуфт, бар асоси иттилое, ки онҳо дар даст доранд, "Давлати исломӣ" аз ҳисоби қочоқи маводи мухаддир фаъолият мекунад, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ.
Оқои Иванов ин ҳарфҳоро рӯзи 26 май дар нишасти Шӯрои раҳбарони ниҳодҳои мубориза бо маводи мухаддири кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Душанбе баён кард.
"Шабакаҳои интиқол ва қочоқи маводи мухаддир аз кишварҳои Африқо ба Ироқ ва ҳамин тавр ба Аврупо ифшо шудаанд, ки ин далели таъмини молии гурӯҳи "Давлати исломӣ" аз қочоқи маводи мухаддир аст",- иброз дошт Иванов.
Ҳамзамон, дабири кулли СПАД Николай Бордюжа бо таваҷҷӯҳ ба паёмадҳои интиқол ва қочоқи маводи мухаддир гуфт, ки бояд аз истифодаи маблағҳое, ки аз қочоқи маводи мухаддир ба даст меоянд ва эҳтимол барои роҳандозии ба истилоҳ "инқилобҳои ранга" ҷилавгирӣ шавад.
"Доираҳои мафиёӣ ва манфиатдор метавонанд аз ин амр кор бигиранд ва аз қочоқи маводи мухаддир барои роҳандозии ба истилоҳ "иниқолбҳои ранга" дар кишварҳои алоҳида истифода кунанд",-афзуд дабири кулли СПАД.
Ин дар ҳолест, ки тибқи гузоришҳо СПАД муддати даҳ соли ахир беш аз 22 амалиёти муштаракро дар марзҳои кишварҳои узви ин созмон доир карда ва беш аз 10 тонна маводи мухаддири қочоқиро кашфу мусоидар намудааст.