ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Николай Бордюжа дабири кулли СПАД 11 март бо сафари корӣ вориди Тоҷикистон мешавад. Дар барномаи сафар силсилаи дидорҳо бо мақомоти кишвар, ки дар соли ҷорӣ раҳбарияти ин созмонро бар зимма дорад, дар назар аст, хабар медиҳад сомонаи СПАД.
Зимни боздид, ки аз 11 то 14 март идома меёбад, Бордюжа бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, вузарои хориҷа ва дифоъ, инчунин дабири Шӯрои амният дидор хоҳад кард.
"Николай Бордюжа барномаи тадорукоти раванди иҷрои тасмимоти Шӯрои СПАД-ро, ки дар моҳи декабри соли 2014 тасвиб шудаанд ироъа карда, авлавиятҳои Тоҷикистон зимни раҳбарияш дар СПАД ва омодагӣ ба ҷаласоти ниҳодҳои ин созмон — Шӯрои вузарои хориҷӣ, Шӯрои вузарои дифоъ, Комитети дабирони шӯроҳои амниятиро баррасӣ хоҳад кард", — омадааст дар хабар.
Баргузории ин ҳамоишҳо дар моҳҳои апрел ва май дар Душанбе дар назар аст.
Раҳбарии Созмони Паймони Амнияти Дастиҷамъӣ дар моҳи декабри соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон вогузор шуд.
Дар ҳоли ҳозир, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Русия ва Белорус узви СПАД мебошанд.