Пойгоҳи низомии Русия дар Помир бесарнишинҳоро озмоиш кард

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкОзмоиши таҷҳизоти бесарнишини "Застава" аснои машқи таълимӣ. Акс аз бойгонӣ
Озмоиши таҷҳизоти бесарнишини Застава аснои машқи таълимӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Таҷҳизотҳои парвозкунандаи бесарнишини Русия бори аввал дар кӯҳистони Помири Тоҷикистон аз санҷиш гузаштаанд. Ҳамзамон, зимни санҷиши мазкур роҳҳои ҳамкории воҳидҳои низомии вазорати дифои Тоҷикистон бо воҳидҳои пойгоҳи низомии Русия бо кӯмаки ин бесарнишинҳо ҳамоҳанг карда шуд.

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Ҷузву томҳои пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар мебошанд, тарзи истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишинро дар кӯҳистони Бадахшон озмоиш карданд, менависад сомонаи Вазорати дифоъи Русия.

"Дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишини Русия бо номҳои "Гранат" ва "Застава" бори аввал дар кӯҳистонҳои Помири Тоҷикистон аз санҷиш гузаштаанд. Ин бесарнишинҳо дар баландии 3,5 километр аз сатҳи баҳр дар шароити 50 дараҷаи болои сифр ё гармӣ "кор" кардаанд",- қайд мешавад дар иттилоияи мазкур.

Зиреҳпӯш. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Афсарони пойгоҳи 201 барои Тоҷикистон танкистҳоро омӯзиш медиҳанд

Ба инттилои дафтари матбуоти Вазорати дифои Русия ин тамрин дар маҳдудаи 300 километр аз Қӯрғонтеппа то Дарвоз гузаронида шудааст.Манбаъ мақсади ин санҷиш ва тамрини бисарнишинҳоро омодагӣ барои ҳамкорӣ бо нерӯҳои низомии Тоҷикистон, нобуд кардани душман, убур кардани ҷойҳои мушкилгузар ва истифода бурдани бесарнишинҳо дар ҷойҳои баландкуҳ арзёбӣ кардааст.

Ҳамзамон, роҳҳои ҳамкории воҳидҳои низомии вазорати дифои Тоҷикистон бо воҳидҳои пойгоҳи низомии Русия бо кӯмаки ин бесарнишинҳо ҳамоҳанг карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0