ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Бахтовар Самадов, муҳоҷири 19-солаи тоҷик бар асари сӯхторе дар вилояти Маскави Русия ба ҳалокат расидааст, хабар медиҳад сомонаи вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Ба иттилои намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав, ин сухтор рӯзи 22 майи соли равон дар анбори ширкати "Элформ", воқеъ дар шаҳри Красногорск ба амал омдааст. Дар натиҷа Бахтовар Саидов, сокини 19-солаи шаҳри Ваҳдат, ки ҳамчун муҳоҷир дар ин ширкат ҳамроҳ бо ду ҳамватани дигари худ машғул ба кор будааст, ба ҳалокат мерасад.
Манбаъ бо такя ба иттилои Хадамоти оташнишонии шаҳри Красногорск афзудааст, сӯхтор дар пайи риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ ба амал омада, беш аз 700 метри мураббаъ хароб шудааст.