https://sputnik.tj/20150518/1015487600.html
Тайи 4 моҳ маркази муҳоҷирати Сахарово 200 ҳазор муҷҷавиз додааст
Тайи 4 моҳ маркази муҳоҷирати Сахарово 200 ҳазор муҷҷавиз додааст
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи маълумоти департаменти сиёсати иқтисодӣ ва рушди Маскав, ба туфайли роҳандозии низоми “як дарича”-и қабули аснод дар дар маркази муҳоҷират дар як рӯз то... 18.05.2015, Sputnik Тоҷикистон
2015-05-18T14:56+0500
2015-05-18T14:56+0500
2021-08-10T14:40+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101548/60/1015486022_0:0:3100:1745_1920x0_80_0_0_04b5196f63bf0739c0babb7aca9acb07.jpg
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2015
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101548/60/1015486022_369:0:3100:2048_1920x0_80_0_0_1139b8621a3ecbc0ff3cde5f4fe5f85b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷират, дар ҷаҳон, таҳлил, иҷтимоъ, ҳамаи хабарҳо, маскав, департаменти сиёсати иқтисоди ва рушди маскав, додани санади иҷозати кор, имтиҳони забони русӣ
муҳоҷират, дар ҷаҳон, таҳлил, иҷтимоъ, ҳамаи хабарҳо, маскав, департаменти сиёсати иқтисоди ва рушди маскав, додани санади иҷозати кор, имтиҳони забони русӣ
Тайи 4 моҳ маркази муҳоҷирати Сахарово 200 ҳазор муҷҷавиз додааст
14:56 18.05.2015 (Навсозишуда: 14:40 10.08.2021) Тибқи маълумоти департаменти сиёсати иқтисодӣ ва рушди Маскав, ба туфайли роҳандозии низоми “як дарича”-и қабули аснод дар дар маркази муҳоҷират дар як рӯз то 4,5 ҳазор нафар ҳуҷҷатҳои худро мегиранд.
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Аз соли нав ба ин тараф маркази муҳоҷирати Сахарово ба шаҳрвандони хориҷӣ 200 ҳазор муҷҷавиз (патент) додааст, хабар медиҳад маркази матбуоти департаменти сиёсати иқтисодӣ ва рушди шаҳри Маскав.
Дар ин идора "як дарича"-и қабули аснод аз моҳи апрел фаъолият мекунад ва имкони дар як рӯз қабули 4,5 ҳазор одамро дорад, омадааст дар хабари манбаъ.
Шурӯъ аз 12 март маркази муҳоҷират ба қабули аснод ва пур кардани иҷозатнома ба таври шабонарӯзӣ сар кард. Охири апрел бошад, додани муҷҷавиз ҳам ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуд.
Марокизи ироаи маълумотномаҳои тиббӣ ва гирифтани имтиҳон аз забони русӣ дар як рӯз то 1,2 ҳазор муҳоҷирро қабул карда метавонанд.