ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Дар чаҳорумин ҷашнвора-озмуни ҷумҳуриявии театрии "Нигоҳи нав", ки аз 16 то 20 май дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, шоҳҷоиза насиби ҳеҷ кас нагардид, менависад хабаргузории "Озодагон".
Саъдулло Раҳимов, раиси доварони ин озмун ба мегӯяд, натиҷаи заҳматҳои ҳунармандони театрии ҷавонон аз нигоҳи касбият қонеъкунанда набуд ва бинобар ҳамин Шоҳҷоиза соҳибони худро пайдо накард. Ширкатдорони ҷашнвора-озмуни ҷумҳуриявии театрии "Нигоҳи нав" бо дипломҳо мушарраф гардонида шуданд.
Ҳамин тариқ "Шоҳҷоиза" ва ҷоизаҳое монанди "Беҳтарин нақши зан", "Беҳтарин нақши мард", Беҳтарин нақши лаҳзавӣ", "Коргардони беҳтарин", "Беҳтарин дараматургияи миллӣ", "Беҳтарин мусиқӣ" тақдим нашуданд. Танҳо гуруҳи "Бесарпарастон" ҷоизаи "Таваҷҷуҳи тамошобин"-ро ба худ ихтисос дод.
Чаҳорумин ҷашнвора-озмуни театрии ҷавонон "Нигоҳи нав" ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва ба муносибати 75-солагии ҳунармандони маъруф — Убайдулло Раҷабов ва Ислом Саломов рӯзи шанбеи гузашта дар шаҳри Душанбе оғоз ва 20 май анҷом шуд.
"Ҷашнвора — озмуни "Нигоҳи нав" аз соли 2012 баргузор мешавад ва то кунун се маротиба ин иқдом дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси гурӯҳи ҷавонони эҷодкори тоҷик сурат гирифтааст.