ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Шоираи маъруфи тоҷик Гулрухсори Сафӣ барои китоби "Дигар ишқ" барандаи озмуни вазорати фарҳанги Тоҷикистон «Озмуни ҷумҳуриявии китоб-2014» эълон шуд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон рӯзи 31 декабр ин озмунро ҷамъбаст намуд ва дар баробари Гулрухсор, инчунин шоирон Низом Қосим ва Фарзонаро ба ҷоизаҳо сарфароз гардонид.
Дафтари матбуоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ду рӯз қабл натиҷаи озмуни "Китоб 2014"- ро натиҷагирӣ намуданд ва бар асоси низомномаи он, китоби «Дигар ишқ»-и Гулрухсор барандаи ҷоизаи аввал; диплом ва маблағи пулии 1200 сомонӣ шуд. Дар ин озмун китоби "Девон"-и шоираи шинохта Фарзона низ бо дипломи вазорати фарҳанг қадрдонӣ шудааст.
Нависандаи маъруф Кароматуллои Мирзо барои китоби «Зиндагӣ ҳам нафасе» ва китоби шоири шинохта Низом Қосим «Хомасузан» низ барандаи дипломи вазорати фарҳанг шуданд. Аламхон Кӯчаров, устоди Донишгоҳи миллӣ низ барои «Муҳаққиқи соҳибмактаб»-аш барои дарёфти дипломи вазорат мушарраф шудааст. Дар доираи ин озмун, нависанда Латофат Кенҷаева барои китобҳои бачагонаи «Қофиябозӣ», «Мӯрчаяки баднафс», «Наврӯз», «Алифбои худомӯз» ва «Баднафсак» бо дипломи вазорат ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ шудааст.