https://sputnik.tj/20150521/1015520862.html
Расонаҳо: шаҳри қадимаи Палмира аз сӯйи ДИ забт шуд
Расонаҳо: шаҳри қадимаи Палмира аз сӯйи ДИ забт шуд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Сурия, қабла аз тасарруфи шаҳри бостонии Палмира аз сӯйи ҷангҷӯёни ДИ, аз он шаҳр бештаре аз анвои таърихиро берун оварданд. Баъд аз тарки нерӯҳои... 21.05.2015, Sputnik Тоҷикистон
2015-05-21T14:02+0500
2015-05-21T14:02+0500
2015-05-21T14:02+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101551/99/1015519959_0:0:0:0_1920x0_80_0_0_78e3ffd92b817ddf1cb738a39165434e.jpg
сурия
палмира
тадмур
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2015
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, ҳамаи хабарҳо, амният ва мудофиа, сурия, палмира, тадмур, маркази суриягии бозрасии риояти ҳуқуқи инсон, тасарруфи шаҳри палмира
дар ҷаҳон, ҳамаи хабарҳо, амният ва мудофиа, сурия, палмира, тадмур, маркази суриягии бозрасии риояти ҳуқуқи инсон, тасарруфи шаҳри палмира
Расонаҳо: шаҳри қадимаи Палмира аз сӯйи ДИ забт шуд
Мақомоти Сурия, қабла аз тасарруфи шаҳри бостонии Палмира аз сӯйи ҷангҷӯёни ДИ, аз он шаҳр бештаре аз анвои таърихиро берун оварданд. Баъд аз тарки нерӯҳои давлатӣ аз Палмира, ки дар он ҷо харобаҳои таърихӣ воқеъ ҳастанд, шаҳр зери таҳдиди нобудшавӣ қарор гирифт.
ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. ДИ шаҳри Палмираи Сурияро, ки дар он харобаҳои беҳамтои антиқӣ воқеъ ҳастанд таҳти тасарруфи худ даровардааст ва дар ин набард аз 30 ва то беш аз 100 низомиёни суриягӣ кушта шудаанд, хабар медиҳад РИА Новости.
Шаҳри антиқии Палмира, ки харобаҳои он ба Феҳрасти ёдгориҳои тамаддуни ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудааст, аз сӯйи ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" рӯзи чаҳоршанбе тасарруф карда шуд. Дар ин набард тибқи иттилоъи Маркази суриягии бозрасии риояти ҳуқуқи инсон ҳудуди 100 низомиёни давлатӣ кушта шудаанд. Манбаъи дигар дар бораи 30 нафар кушта шуда изҳори назар мекунад.
"Тадмур (исми арабии Палмира) мо аз даст додем ва ин воқеъият аст. Дирӯз аз он ҷо 20 низомии кушташударо гирифтем, имрӯз бо 10 ҷасади дигар, — хабар дод ба РИА Новости манбаъи муътамад рӯзи панҷшанбе. — Ба бемористонҳо теъдоди зиёди афроди мулкии захмӣ шударо меоранд, аҷсоди кушташудагонро низ меоранд, вале дар бораи теъдоди дақиқи қурбониён сухан гуфтан душвор аст".
Аҳолии шаҳр аз сӯйи мақомот сареъан кӯч дода шуданд, ҳамчунин ёдгориҳои арзишноки таърихӣ мунтақил дода шудаанд. Харобаҳои таърихии Палмира зери хатари нобудшавӣ қарор доранд.