Зилзила муҷиби хисорот ба се навоҳии Тоҷикистон шуд

© Sputnik / Борис Кауфман / Гузариш ба медиабонкАвоқиби зилзила
Авоқиби зилзила - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи зилзилаи рӯзи чаҳоршанбе дар манотиқи ҷанубу шарқи Тоҷикистон даҳҳо биноҳо осеб бардоштаанд, вале касе қурбон нашудааст.

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Аз зилзилаи шиддаташ 5,5 дараҷа, ки рӯзи чаҳоршанбе рух дод, навоҳии Тавилдара, Роғун ва Балҷувон хисорот бардоштаанду касе кушта нашудааст, хабар медиҳад CA-News бо истинод ба Комитети умури изтирории Тоҷикистон.

Дар пайи зилзилаи рӯзи чаҳоршанбе биноҳои истиқоматӣ ва маъмурӣ осеб дида, лағзиши хокпора дар пайи заминҷунбӣ мушоҳида шудаанд.

Дар ноҳияи Тавилдара дар як бинои манзили хусусӣ ва ду бинои мактаб таркиши деворҳо мушоҳида мешаванд. Дар шаҳраки Оби Гарми Роғун ва маркази ин минтақа, ки ба маркази зилзила наздик қарор доранд, таркишҳо дар 18 утоқи таълимӣ ва ду утоқи корӣ мушоҳида шудаанд.

Дар Тоҷикистон заминҷунбии 5,6 баллӣ ба қайд расид

Дар ноҳияи Балҷувон дар пайи ин офати табиъйӣ деворҳои ду синфхона таркиш додаанд, дар рустои Қозиён дар пайи лағзиши хокпора, ки ба далели зилзила рух додааст, деворҳои 20 манзили хусусӣ осеб дидаанд.

Феълан бо мусоъидати мақомоти маҳаллӣ рафъи авоқиби ин зилзила идома дорад.

Тибқи иттилоъи маркази зилзилашиносии Тоҷикистон, маркази ин зилзила дар 120 километрии шарқи Душанбе дар қаламрави ноҳияи Рашт воқеъ буд.

Зилзила бо шиддати 5,5 дараҷа рӯзи чаҳоршанбе соати 8:30 рух дод. Шиддати зилзила дар пойтахт ҳудуди 3 дараҷа буд.

Лентаи хабарҳо
0