ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон тавассути Комитети сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон 86,4% саҳмияҳои "Нерӯгоҳи Роғун"-ро дар ихтиёр дорад, омадааст дар феҳрасти саҳҳомони ширкатҳои саҳҳомӣ, ки аз сӯйи вазорати молияи Тоҷикистон мунташир шудааст.
Вазорати молияи кишвар ба роҳандозии бозори саҳҳом, ки маҳзани хариду фурӯши саҳмияҳои дасти дуввум хоҳад буд, омодагӣ мегирад. Бад ин манзур дар сомонаи интернетии ин ниҳод феҳрасти саҳҳомони 31 ширкати саҳҳомӣ, ки то ҳол иттилоъ дар бораи саҳҳомони худро эълом кардаанд, мунташир шуд.
Ширкати саҳҳомии "Нерӯгоҳи Роғун" бузургтарин ширкати саҳҳомӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Барои сохтмони ин нерӯгоҳ панҷ сол қабл дар садад буданд $2,2 миллиард масраф кунанд, вале бо гузашти солҳои ҳазинаи он танҳо афзоиш ёфт. Феълан бар ин назаранд, ки эҳдоси ин нерӯгоҳи бузург $6 миллиардро тақозо мекунад.
Тибқи феҳрасти мунташиршуда дар сомонаи вазорати молия, саҳми давлат дар "Нерӯгоҳи Роғун" 86,4% аст, вале асомии саҳҳомони дигар эълом нашудааст.
Метавон ҳадс зад, ки соҳиби 13,6% саҳмияҳои Роғун сокинон ва ширкатҳое ҳастанд, ки аз соли 2010 то соли 2012 замоне, ки фурӯши саҳмияҳои ин нерӯгоҳ роҳандозӣ шуда буд, саҳҳоми ин нерӯгоҳи барқиро харидорӣ кардаанд.
Маблағи аз фурӯши саҳмияҳо ба даст омада бештар аз 800 миллион сомонӣ шуд. Он замон дар вазорати молия тавзеъ дода буданд, ки куллияи ин маблағ барои харидории таҷҳизот барои ин нерӯгоҳ масраф шуда, саҳҳомон аз ҳаққи овоз ва суди нерӯгоҳ баъд аз анҷоми эҳдоси он бархурдор хоҳанд шуд.
Баъд аз анҷоми бозрасии тарҳи нерӯгоҳи Роғун, ки аз сӯйи Бонки ҷаҳонӣ сурат гирифта буд, Тоҷикистон қасд дорад сохтмони ин нерӯгоҳро дар соли 2016 оғоз кунад. Ҳукумати кишвар барои ширкатҳои сохтмонӣ ва воридкунандаҳои таҷҳизот аллакай чанд озмун эълом кардааст.
Ҷаласаи солонаи навбатии саҳҳомони нерӯгоҳи Роғун 22 май дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар ин ҷаласа ҳайъати ҷадиди Шӯрои нозирон интихоб шуда афзоиши маблағи саҳҳомии нерӯгоҳ эълом мешавад ва ҳамчунин ширкати бозраси мустақил барои бозрасии натоиҷи фаъолияти молӣ таъйин карда хоҳад шуд.