Нигаронии Департаменти давлатии ИМА аз ҳамла ба сафорати ФР дар Сурия

© wikimedia.org. CtacБинои Департаменти давлатии ИМА. Акс аз бойгонӣ
Бинои Департаменти давлатии ИМА. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷаи Амрико тирборон шудани сафорати Русия дар Димишқро маҳкум карда, дар баёнияи интишорнамудааш қайд кард, ки қароргоҳи дипломатӣ тибқи қавонини байналмилалӣ таҳти ҳимоя қарор дорад.

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Департаменти давлатии ИМА ҳамла ба сафорати ФР дар Димишқро рӯзи сешанбе маҳкум кард, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

"Иёлоти муттаҳида тирборон кардани сафорати ФР дар Димишқро маҳкум менамояд",- омадааст дар баёния ва дар санад қайд мешавад, ки "ин иншоот мутобиқ ба меъёрҳои байнулмилалӣ муҳофизат мегардад".

"Мо хоҳони онем, ки масъулини ин ҳаводис ва ба ин монанд ҳодисаҳо ба додгоҳ кашида шаванд, ба назари мо роҳҳи ҳалли бӯҳрони Сирия танҳо дар мушорикати сиёсист",- омадааст дар изҳороти Департаменти давлатӣ.

Рӯзи сешанбе бинои сафорати Русия дар Димишқ мавриди ҳамла ва тирборони шадид қарор гирифт. Ба қавли шоҳидон, тирпарронӣ аз мантақаи Ҷобар, ки таҳти тасарруфи ҷангҷӯён қарор дорад, оғоз ёфт. Як мина дар 15 метрии қароргоҳи дипломатӣ мунфаҷир шуда, дигараш аз девор гузашта дар дохили бино таркид. Касе аз кормандони сафорат зарар надидааст.

Вазорати умури хориҷаи Русия тирборон шудани сафоратро дар Димишқ амалиёти террористӣ унвон кард.  

Лентаи хабарҳо
0