Қиммати маводи нафтӣ дар Тоҷикистон коҳиш меёбад

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкМаркази фурӯши маводди сӯхтӣ. Акс аз бойгонӣ
Маркази фурӯши маводди сӯхтӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳбари Идораи зиддиинҳисории Тоҷикистон идомаи коҳиши қиммати маводи сӯхтӣ дар кишварро пешбинӣ ва таъкид мекунад, ки ин раванд таҳти назорати ин ниҳод қарор дорад.

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Коҳиши қиммати маводди нафтӣ дар Тоҷикистон идома меёбад, гуфт дар нишасти матбӯътии имрӯз раиси Идораи зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон Абдусалом Раҷабов, хабар медиҳад CA-News.

Ҳамзамон вай таъкид дошт, ки ширкатҳои воридкунандаи маводди нафтӣ ба қиммати он дар корхонаҳои полоиши нафт бастагӣ доранд.

"Тибқи таҳлилҳои муқаддамотии мо, раванди коҳи қиммати арзиши маводди нафтӣ дар ҷумҳурӣ идома меёбад. Ин мавзӯъ пайваста таҳти назорати Идора қарор дорад", — таъкид дошт Раҷабов.

Ба гуфтаи вай, дар моҳи декабри соли гузашта нисбат ба моҳи ноябр коҳиши қиммати бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд мушоҳида шудааст.

Феълан бензини навъи АИ-92 дар марокизи маводди сӯхтии пойтахт ҳудуди 5,2 сомонӣ барои як литр (камтар аз як доллар) фурӯхта мешавад. Дар ҳоле ки дар авоили моҳи декабр қиммати он 6,2 сомонӣ (1,2 доллар) буд.

Тибқи иттилоъи Идораи зиддиинҳисорӣ, соли 2014 ба Тоҷикистон ҳудуди 580 тонн маводди сӯхтӣ ворид шудааст. Содиркунандаи аслии маводди нафтӣ ба Тоҷикистон Русия аст, ки соли гузашта ҳудуди 85% куллияи воридотро таъмин кардааст.

Лентаи хабарҳо
0