Вазорати молия: қарзи Тоҷикистон аз Чин беш аз $900 миллион аст

© Sputnik / Амир ИсаевШавкат Соҳибов. Акс аз бойгонӣ
Шавкат Соҳибов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати молияи Тоҷикистон омор дар бораи коҳиши мизони қарзҳои хориҷӣ дар соли гузаштаро оварда эълом кард, ки дар соли ҷорӣ бидеҳиҳои Ӯзбекистонро бозпас медиҳад.

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Қарзи умумии хориҷии Тоҷикистон дар соли 2014 $2,1 миллиард будааст, ки нисбати авоили соли 2013$106,3 миллион камтар аст, хабар дод дар нишасти матбӯъотӣ муъовини вазири молияи Тоҷикистон Шавкат Соҳибов.

Аз ҳама бидеҳкори бузурги Тоҷикистон дар тӯли чанд соли ахир Чин боқӣ мондааст, ки ҳоло кишвари мо аз вай $901,5 миллион қарздор аст. Бидеҳкори дуввум Бонки ҷаҳонӣ — $326 миллион ва Бонки Осиёии Рушд — $277 миллион аст.

"Дар соли 2014 Тоҷикистон тавонист қарзҳои худ аз Белорусиро, ки 2 миллион доллар буд ва Иттиҳодияи Урупо 5,5 миллион доллар бозпас бидиҳад. Қарзи худро дар назди Ӯзбекистон мо ҳадаф дорем дар соли 2015 комилан пардохт кунем. Ҳамагӣ 8 миллион доллар мондааст, ҳарчанд дар оғоз 200 миллион доллар қарздор будем", — шарҳ дод Соҳибов.

Дар соли 2014 аз будҷаи кишвар барои бозпас додани қарзҳо 136,1 миллион доллар, аз ҷумла барои бозпас додани қарзи аслӣ 104,5 миллион доллар ва барои пардохти судҳояш 31,6 миллион доллар ҷудо шуда буд.

"Қарзи хориҷии Тоҷикистон феълан аз 22,5% тавлидоти нохолиси миллӣ бештар нест, ки ба меъёрҳои танзими қарзи хориҷӣ мутобиқ буда барои иқтисод хатарнок нест", — таъкид кард муъовини вазир.

Дар оғози соли 2014 қарзи хориҷии кишвар ба 25,4% тавлидоти нохолиси миллӣ баробар буд. Мизони ҳадди ақали қарзҳо барои иқтисод 40% тавлидоти нохолиси миллӣ дониста мешавад. Дар ин сурат кишвар бо хатари пардохт карда натавонистани қарзҳои хориҷӣ рӯбарӯ мешавад.

Тибқи иттилоъи вазорати молияи Тоҷикистон, қарзи дохилии кишвар 2,3 миллиард сомонӣ аст, ки муъодили 5,1% тавлидоти нохолиси миллӣ мебошад. Ин маблағҳои давлатӣ дар солҳои мухталиф барои таҷдиди сохтори "Агроинвестбонк" ва Бонки миллии Тоҷикистон равона шуда буданд.

Лентаи хабарҳо
0