ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Раиси ҷумҳури Украина Петр Порошенко рӯзи ҷумъа чанд қонун дар бораи интиқоди ҳукуматдории коммунистӣ ва миллатгароӣ, манъи таблиғи рамзҳои шӯравӣ ва ошкор сохтани бойгониҳои шӯравиро имзо кард, хабар медиҳад РИА Новости.
Чаҳор қонун имзо шудаанд — "Дар бораи интиқоди ҳукуматдории коммунистӣ ва миллатгароӣ, манъи таблиғи рамзҳои онҳо", "Дар бораи дастрасӣ ба бойгониҳои ниҳодҳои истибдодии ҳукуматдории шӯравиву худкомаи солҳои 1917-1991", "Дар бораи гиромидошти пирӯзӣ бар миллатгароӣ дар Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ" ва "Дар бораи ҳуқуқҳои муборизони истиқлолияти Украина дар садаи ХХ".
"Бо ин аснод рамзҳои шӯравӣ мамнӯъ шуда, бойгониҳои ниҳодҳои вижаи шӯравӣ боз мешаванд ва созмонҳои УПА ва ғайра муборизони истиқлолияи Украина дониста мешаванд. Ин қавонин аз сӯйи вакилони мардумӣ дар ҷаласаи субҳи 9 апрели Радаи олӣ бо аксарияти овоз қабул шудаанд", — зикр мекунад маркази матбӯъотии раиси ҷумҳури Украина.
Хабар дода мешавад, ки ба гуфтаи Порошенко, дар зудтарин фурсат ба порлумон барои тасвиб тарҳи қонуне ироъа мешавад, ки муқаррарот барои нақзи қонун дар бораи "ҳуқуқи муборизони истиқлолияти Украина дар садаи ХХ"-ро танзим мекунад.
"Ин тарҳи қонун, ки ба ибтикори раиси ҷумҳур таҳия шудааст, ихтилофот қонуниро аз байн мебарад. Ин нукта имкон медод, ки аз муқаррароти қонун дар мавриди озодии инсон ва ҳуқуқи вай, аз ҷумла дар озодии пажӯҳишҳои илмӣ, ҳамкориҳои байналмиллалӣ ва муколама сӯйистифода шавад", — омадааст дар хабар.
Зимни суханрони дар Рӯзи гиромидошти қурбониёни истибдоди сиёсӣ рӯзи якшанбе Порошенко изҳор дошт, ки фурсате фаро расидааст, ки Украинаро аз гузаштаи коммунистӣ тоза кунанд.