Айбномаи Порошенко алайҳи Сталин барои шуруи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ

Обуна шудан
Президенти Украина Петр Порошенко Иосифа Сталина ва Адолф Гитлерро барои шуруи Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ айбдор кард. Рӯзи панҷшанбеи 9 апрели вай ҳамроҳ бо президенти Лаҳистон Бронислав Коморовский ба лавҳаи ёдгории "Биковнянские могили" ташриф бурд.

Президенти Украина бар ин назар аст, ки раҳбари вақти шӯравӣ дар аланга гирифтани Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ҳамон масъулиятеро бар дӯш дорад, ки Адолф Гитлер дорад.

"Лавҳаи ёдгории "Биковнянские могили" ё худ "Гурҳои биковяни" — ин акси садои воқеаи сентябри соли 1939, ҳамон замонест, ки Гитлер ва Сталин ҷанги хунини Дувуми ҷаҳониро роҳандозӣ карданд ва кушиш доштанд, ки Аврупоро тақсим кунанд", — зикр кардааст Порошенко қабл аз он ки ба хотири қурбониёни укроиниву лаҳистоние, "қурбонии тоталитаризм шудаанд" лаҳзае сукут кунад.

Изҳороти президенти Украина Петр Порошенко дар мавриди масъулияти баробарвазни Сталин ва Гитлер барои оғоз бахшидани Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ маънои онро дорад, ки Киев қатъномаи Муҳокимаи Нюрнбергро қабул надорад, мегӯяд муовини аввали фраксияи Думаи давлатии Русия аз "Русияи воҳид" Франтс Клинтсевич.

Ин нахустин изҳороти ба ин монанди афроди расмии Украина нест. Ҳангоми сафари худ ба Олмон дар моҳи январи соли ҷорӣ Арсений Ятсенюк аллакай дар мавзуи Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ изҳори назар карда буд. Он замон вай дар мусоҳиба ба шабакаи телевизионии ARD дар бораи "ҳуҷуми шӯравӣ ва Олмон ба хоки Украина" изҳори назар карда буд.

Лентаи хабарҳо
0