Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба маблағи $323 млн тарҳҳоро иҷро мекунад

© Пресс-служба президента ТаджикистанаДидори раиси ҷумҳури Тоҷикистон Э. Раҳмон бо мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ
Дидори раиси ҷумҳури Тоҷикистон Э. Раҳмон бо мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон бо мудирони иҷроияи гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ масоили рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва мусоъидат ба коҳиши таъсироти манфии омилҳои беруна ба иқтисоди кишварро баррасӣ кард.

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон 21 тарҳро ба маблағи $323 млн. сармоягузорӣ мекунад, зикр шудааст дар дидори раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мудирони иҷроияи гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, хабар медиҳад маркази матбӯъотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ин дидор, ки 16 май баргузор шуд, масоили ҳамкориҳои судманди дуҷониба, аз ҷумла пуштибонии рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва коҳиши таъсироти манфии омилҳои беруна ба иқтисоди кишвар баррасӣ шудаанд.

Ҷоддаи Душанбе-Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
БҶ барои бозсозии ҷоддаҳои шимоли Тоҷикистон $45 миллион медиҳад

"Тавваҷӯҳи вижа ба роҳҳои судманди иҷрои барномаи иқдомоти ҳукумати Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз таҳдидоти эҳтимолӣ ба иқтисоди кишвар ва қарорҳои мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ дар умури навҳаҳои зиддибӯҳронӣ ва иқдомот равона карда шуд", — омадааст дар хабар.

Ҷонибҳо эътимоди худро бар ин нукта изҳор доштанд, ки иқдомоти ҳукумати кишвар ва Бонки ҷаҳонӣ, созмонҳои дигари байналмиллалӣ ва минтақавии молӣ ба коҳиши таъсироти манфии омилҳои беруна мунҷар хоҳанд шуд.

Зикр мешавад, ки ҳамкории миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ умдатан дар бахшҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла дар саноъат, кишоварзӣ, беҳбуди вазъи зербаноҳои энержӣ ва нақлиётӣ роҳандозӣ шудаанд.

Об. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
БҶ дар 6 шаҳри Тоҷикистон хадамоти шаҳриро беҳбуд мебахшад

Феълан дар Тоҷикистон бо сармоягузории гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ 21 тарҳ ба маблағи $323 миллион иҷро мешаванд.

Яке аз тарҳҳои бузурги судманди дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ сохтмони хутути минтақавии интиқоли нерӯи барқи 500 кВ CASA-1000 мебошад, ки содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистонро ҳадаф дорад. Интизор меравад, ки дар соли 2018 оғози иҷрои ин тарҳ шурӯъ мешавад.

Лентаи хабарҳо
0