ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Бархе аз сарони (бузургони) минтақаи Бадахшони Афғонистон рӯзи 15 май дар нишасти хабарие гуфтаанд, маҳз бетаваҷҷӯҳии ҳукумати марказӣ боиси ин ҳолат шудааст ва 9 навоҳӣ таҳти тасарруфи ифротгароён қарор гирифтааст, иттилоъ медиҳад Afghanistan.shafaqna.com.
Манбаъ бо такя ба суханони пешвоёни минтақа меафзояд, агар ин раванд идома ёбад, ҳукумати Афғонистон назорати вилояти Бадахшонро ба пуррагӣ аз даст медиҳад ва эҳтимоли воридшавии террористон ба дигар вилоятҳои кишвар низ ҳаст.
"Санаду далелҳои мувассақ мавҷуд аст, ки ҳукумати марказии Афғонистон дар саркӯби ҷангҷӯёни хориҷӣ дар вилояти Бадахшон иродаи қавӣ надошт ва мубориза бо ин гурӯҳҳо сатҳӣ ба назар мерасид",- гуфтаанд фаъолони Бадахшон.
Фаъолони вилояти Бадахшон бар ин назаранд, ки маҳз бетаваҷҷӯҳии ҳукумати марказии Афғонистон сабаб шудааст, ки вилояти Бадахшон ба як пойгоҳи ноороми ҷангҷӯёни хориҷӣ табдил ёфтааст.
Ҳамзамон, ин пойгоҳи хабарӣ менависад, дар ҳоли ҳозир 36 хонаводаи хориҷӣ бо шумули тоҷику ӯзбак, чечену қазоқ ва панҷобиҳо дар ноҳияи Ҷурми ин вилоят ҷойгир шудаанд, ки дар амалиётҳои террористӣ дар Бадахшони Афғонистон вилоят нақши фаъол доранд.
Ба иттилои ин расона, гӯиё бузургони Бадахшон гуфтаанд, дар таҳти тасарруфи гурӯҳҳои террористӣ қарор гирифтани 9 ноҳияи ин вилоят баъзе аз раҳбарони қабилаву мофиё даст доранд, ки ҳукумати марказии Афғонистон онро бояд таҳқиқ ва дастандаркоронро ба маҳкама кашад.
Вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо Тоҷикистону Чин ва Покистон ҳамсарҳад аст, беш аз як миллион аҳолӣ дорад. Ин вилоят, ки дорои манобеи бойи табиӣ ва марз бо кишварҳои ҳамсоя аст, дар ҳоли ҳозир яке аз ноамнтарин минтақа ва макони аслии гурӯҳҳои террорист дар Афғонистон ба шумор меравад.