ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Ташриф ба бозорҳо бо либоси мазҳабӣ дар Ӯзбекистон мамнуъ шудааст, лавҳаҳои ёддошти либоси иҷоза дар ҳудуди бархе аз бозорҳо пайдо шудаанд, менависад сомонаи "Фергана".
"Ҳузури шаҳрвандон (ба ҷуз аз масъулони ташкилотҳои мазҳабӣ) дар ҷойҳҳои ҷамъиятӣ бо либоси мазҳабӣ мамнуъ аст", — омадааст дар лавҳае дар бозори шаҳри Қӯқанд.
Тавзеъ дода мешавад, ки дар ҳудуди бозор ҳузур бо либоси мазҳабӣ қатъиян манъ буда, занҳо ҳаққ надоранд рӯйсарӣ, гарданбанд, ки таблиғгари фарҳанги бегона (туркӣ, арабӣ, эронӣ, покистонӣ) мебошад, ҳамроҳ дошта бошанд.
Барои нақзи чунин муқаррарот ҷазои маъмурӣ (тибқи моддаи "Ҳузури шаҳрвандон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо либоси мазҳабӣ") — ҷарима ё ҳабс то 15 шабонарӯз ва ё ҷиноӣ (тибқи моддаи "Эҷоди хушунати миллӣ, қавмӣ, нажодӣ ва ё мухолифати мазҳабӣ") — ҷарима, корҳои ислоҳӣ то 3 сол ва ё маҳкумият аз озодӣ то 5 сол пешбинӣ шудааст.
Расона зикр мекунад, ки дар ҳеҷ ҷо тавзеъ дода нашудааст, ки либоси мазҳабӣ чист ва чӣ гуна решаи миллии рӯйсарӣ ва либос мушшахас карда мешавад.
Ба иттилоъи расона, овезаи мушобеҳ дар Тошканд, дар Донишгоҳи ҷаҳонии иқтисод ва сиёсат пайдо шудааст.
Эъломи манъи пӯшиши либоси мазҳабӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ соли 2009 дар бозорҳои Тошканд пайдо шуда буданд. Дар соли 2012 фурӯши рӯйсариҳои мазҳабӣ дар бозорҳо мамнуъ шуда буд.
Дар соли ҷорӣ мубориза бо ҳиҷоб ба унвони либоси мухолиф ба фарҳанги миллӣ дар Тоҷикистон низ оғоз шуд.
Мақомоти Хуҷанд нахустин шуда дар бозорҳо ва марокизи тиҷоратӣ, ки дар он ҷо ҳиҷоб мефурӯхтанд, бозрасӣ анҷом дода тақозо карданд, ки чунин либосро тиҷорат накунанд.
Шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дастур дод, ки чунин либос аз фурӯш боздошта шавад ва воридоти он низ мамнуъ гардад.