ДУШАНБЕ, 6 мая — Sputnik. Додситонӣ хоҳиш дорад, ки мудири бозори "Назари нек"-и ноҳияи Ғафуров Рустам Ҷӯраев, ки барои латукӯби то ба марги шогирди ятимхона муттаҳам аст, барои 20 сол равонаи зиндон шавад, менависад хабаргузории "Авеста".
Ҷаласаи додгоҳӣ рӯзи сешанбе дар додгоҳи вилояти Суғд оғоз шудааст.
Тибқи ин парванда ба ҷуз аз мудири бозор, ки тибқи се банди Қонуни ҷазои Тоҷикистон — банди 104 (қатл), 112 (амдан расонидани зарари ҷисмонӣ) ва 170 (дузанӣ ё бисёрзанӣ) — ҳамчунин мудири бахши амнияти бозор, посбон ва мудири ошхонаи "Назари нек" муҳокима мешаванд.
"Ҳамчунин дар ҷараёни муҳокимаи парвандаи қатли наврас боз як муттаҳам пайдо шуд — ин иҷорагари мағоза, ки ба он ҷо бо қасди дуздӣ наврасон шаби марг ворид шуданд. Мушшахас шудааст, ки вай низ чанд маротиба наврасонро шатта задааст ва барои ин амр додситон тақозо дорад, ки нисбаташ ҷазои ҷарима табиқ карда шавад", — гуфтааст ба хабаргузорӣ як манбаъ дар додгоҳи вилоят.
Додситон аз додгоҳ тақозо кардааст, ки мудири бозор барои 20 сол ва мудири амнияти бозор ва посбон барои 19 солӣ равонаи зиндон шаванд.