Интизомиёни тоҷик террористонро бо наҳваи амрикоӣ бозпурсӣ мекунанд

© Sputnik / Александр КарабановБозпурсӣ. Акс аз бойгонӣ
Бозпурсӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коршиносони амрикоӣ ҳамтоёни тоҷики худро бо наҳваи ҷадиди бозпурсии афроде, ки ба иттиҳоми терроризм боздошт шудаанд ошно кардаанд. Ин наҳва аз сӯйи идораи амниятии ИМА таҳия шудааст.

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Бо давраи омӯзишии "Бозпурсии афроди муттаҳам дар террроризм", ки аз сӯйи сафорати ИМА дар Тоҷикистон баргузор шуд, 22 нафар корманди ВКД, КДАМ ва Додситонии кулл фаро гирифта шуданд, омадааст дар баёнияи сафоратхона.

Рӯзи ҷумъа шунавандагони ин давраро муъовини раҳбари бахши минтақавии амниятии сафорати ИМА Трей Ховертон шодбош гуфт.

"Ин давра рушди маҳорати судовари гӯш доданд ва мушоҳида, ки ба ширкаткунандагон имкон медиҳад иттилоъи бештареро дар пайи бозпурсии афроди муттаҳам дар терроризм ҷамъоварӣ кунанд ва бозтоби нодурусти ин иттилоъро то ҳадди ниҳоӣ пойин мебарад", — омадааст дар хабар.

Сафири ИМА бар ин назар аст, ки ба Тоҷикистон чизе таҳдид намекунад

Ховертон изҳори умедворӣ кард, ки ширкаткунадагони ин давраи омӯзишӣ бо ҳамтоёни дигари худ аз донишҳои ба даст оварда табодули назар мекунанд.

Ба гуфтаи вай, ин лавра яке аз чаҳор давраҳои омӯзишии Барномаи мусоъидат дар мубориза бо терроризм барои кормандони ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон дар соли 2015 мебошад.

Ин давраҳо аз сӯйи Раёсати мусоъидати зиддитеррористӣ дар назди Бахши амнияти дипломатии вазорати хориҷаи ИМА сармоягузорӣ мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0