ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Иқдомоти мамнӯъкунанда ва ғайримунтазираи БМТ ва таҳдидҳои додситонӣ метавонанд дар асл ба таъсиси бозори пинҳонии арз такон бидиҳанд, мутмаъинанд муаллифони гузориши "Баррасиии вазъи иқтисодии Тоҷикистон", ки аз сӯйи Оҷонси рушди Олмон (GIZ) таҳия шудааст.
Наҳваи талоши Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои танзими бозори арз ба натиҷаи баръакс метавонад мунҷар шуда, боиси таъсиси бозори "сиёҳ" дар муомилоти арзӣ мунҷар шавад, изҳор доранд муаллифони гузориши ҳармоҳа.
"Бо вуҷуди мудохилаи маъмурии Бонки миллии Тоҷикистон ба бозори арз дар моҳи апрели соли 2015 қурби сомонӣ нисбати доллар 7% коҳиш ёфт", — зикр мешавад дар гузориш.
БМТ фаъолияти нуқтаҳои хусусии табодули арзро аз 17 апрели соли 2015 мамнӯъ сохт. Нуқоти табодули арзи ниҳодҳои бонкӣ фаъолияти худро идома доданд. Аз 1581 нуқтаи табодули арз дар як шабонарӯз фаъолияти 818 нуқта қатъ карда шуд.
Дар нимаи дуввуми моҳи май бархе аз нуқтаҳои фаъолияташон масдудшуда асноди худро иваз карда моли бонкҳо шуданд ва фаъолияти худро аз сар гирифтанд. БМТ изҳор дошт, ки ҳадафи ин амр танзими бозори арз ва қурби ивази сомонӣ буд.
Додситонии кулли кишвар ба назорат, ошкорсозӣ ва боздошти афроде пардохт, ки тиҷорати худро бо доллари ИМА анҷом медиҳанд.