Низомиёни рус ба тамрингоҳе ба Тоҷикистон мераванд

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкНизомиёни нерӯҳои чатрбози Русия. Акс аз бойгонӣ
Низомиёни нерӯҳои чатрбози Русия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тамрини ботавсеъаи Нерӯҳои муштараки вокуниши сареъи Созмони Амнияти Дастиҷамъӣ дар чаҳорчӯби бозрасии ногаҳонии омодагиии низомиаш дар Тоҷикистон шурӯъ шуд.

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Низомиёни бахши Ивановии нерӯҳои чатрбозони ФР ба самти тамрингоҳи "Ҳарбмайдон" дар ҷануби Тоҷикистон барои анҷоми тамрини Нерӯҳои муштараки вокуниши сареъи Созмони Амнияти Дастиҷамъӣ равон шуданд, хабар медиҳад РИА Новости.

"Ҷузъҳои бахши Ивановии нерӯҳои чатрбозони ФР, ки қаблан ба фурӯдгоҳи Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтақил шуда буданд, дар чаҳорчӯби бозрасии ногаҳонии омодагиии низомии Нерӯҳои муштараки вокуниши сареъи СПАД бозрасии вазъ, иктишофоти фаннии самтҳои пешрави ҷузъҳо барои расидан ба маҳалли тамрингоҳи "Ҳарбмайдон"-ро анҷом медиҳанд", — омадааст дар хабар.

Николай Бордюжа. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ва Бордюжа авлавиятҳои СПАД-ро баррасӣ мекунанд

Ҷузъҳои вокуниши сареъи СПАД наҳваҳои ошноӣ дар маҳалли ношинос ва ҳамгиройӣ барои расидан ба маҳалли тамрини низомиро месанҷанд.

Аз ҷониби нерӯҳои чатрбозони Русия дар ин тамринот ҳудуди 500 низомиён ва 60 адад зиреҳпӯшҳо, 4 ҳавопаймо ва ҳамин миқдор чархболҳо ширкат мекунанд, ки рӯзе қабл тавассути ҳавопаймоҳои борбари вазорати дифоъи ФР ба Тоҷикистон мунтақил шудаанд.

Дар маҷмӯъ дар ин тамрин низомиёни шаш кишвар мушорикат мекунанд: Русия, Тоҷикистон, Белорус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон.

Лентаи хабарҳо
0