ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Дар пайи ҳамлаи толибон ба меҳмонхонаи Park Palace дар Кобул 14 кас ҳалок шуданд, ки аз ин миён нӯҳ нафарашон хориҷӣ мебошанд, иттилоъ медиҳад РИА Новости.
Оҷонсии Ассошиэйтед Пресс бо такя ба манбаъш дар ҳукумати Афғонистон менависад, дар байни хориҷиёни ҳалокшуда ҳафт мард ва ду зан ҳастанд. Ҳамчунин, 5 нафар сокини маҳаллӣ низ қурбони ин фоҷиа гардиданд. Ба ғайр аз ин ҳафт афғон, ки яке аз онҳо корманди пулис мебошад захмӣ шуданд. Зимнан, намояндагии СММ дар ҷумҳурии исломӣ марги 14 нафарро тайид кардааст.
Қаблан иттилоъ дода мешуд, ки қурбониёни ҳодиса 11 нафар бо шумули ҳафт табааи хориҷӣ мебошанд, аз ҷумла як шаҳрванди ИМА, як итолиёӣ ва панҷ ҳинду.
Толибон меҳмонхонаи маъруф миёни хориҷиёнро шоми чоршанбе ҳадафи ҳамла қарор доданд. Тибқи иттилоъи расида, теъдоди ҳамлагарон 4 нафар будааст. Амалиёти маҳви ҷангҷӯён ва наҷоти гаравгонон панҷ соат идома дошт. Ниҳодҳои интизомӣ ба гуфтаи раиси пулиси Кобул Абдул Раҳмон Раҳимӣ 54 нафарро наҷот додаанд.
Ҳаракати "Толибон" масъулияти ҳамла ба меҳмонхонаро ба дӯш гирифт, ки ҳангоми он 14 тан ҳалоку ҳафт каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Забеҳулло Муҷоҳид (Zabihullah Mujahid) тариқи пуштаи электронӣ ба хабарнигорон навиштааст, ки ҳамла ба меҳмонхона барои он сурат гирифт, ки он ҷо меҳмонони зиёди хориҷӣ ба сар мебураднд. Ба қавли ӯ, амалиётро як нафар ҷангҷӯ, ки бо силоҳ ва миёнбанди маргҷӯ мусаллаҳ буд, анҷом додааст.