ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Рушди иқтисодӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2015 бо дарназардошти барномаҳои тавсеъа ва таҷдиди бахшҳои мухталифи иқтисоди кишвар баланд боқӣ мемонад, зикр мешавад дар гузориши ҳайъати СБП.
СБП натоиҷи ҳайати худ дар Ӯзбекистонро мунташир ва рушди иқтисоди кишварро мусбат арзёбӣ кард. Аз ҷумла зикр мешавад, ки бо вуҷуди бӯҳрони ҷаҳонӣ, арзиши пойини нафт ва омилҳои номуносиби берунӣ иқтисоди кишвар бонизом аст.
"Дар соли 2015 рушди иқтисоди Ӯзбекистон баланд хоҳад буд, зеро ҳукумати кишвар бахши саноъатро таҷдид мекунад ва ҳамчунин барномаи хусусисозӣ ва мудирияти дастҷамъонаро роҳандозӣ кард. Ин ҳама амр ба ислоҳот ва пойин бурдани нақши давлат дар иқтисод мунҷар мешавад", — омадааст дар баёния.
Зикр мешавад, ки дар соли 2014 рушди иқтисод дар кишвар 8,1% буд ва мизони тавлидоти нохолиси миллии Ӯзбекистон дар семоҳаи аввали соли 2015 ба 7,5% афзоиш ёфт.
"Кишвар маҷрои содироти газро аз Русия ба самти Чин тағйир дод, ки иқтисодро аз кундравӣ ҳифз мекунад, гузашта аз ин, давлат сармоягузории бештар ба иқтисодро идома медиҳад. Мавқеъи тиҷорати хориҷии кишвар устувор боқӣ мемонад", — зикр карданд дар СБП.
Дар мавриди таваррум зикр шудааст, ки дар се моҳи аввали соли 2015 мизони он то 9% коҳиш ёфтааст.
"Дар марҳилаи кӯтоҳмуддат раванди ташдиди хатарот мушоҳида хоҳад шуд. Ин амр ба коҳиши мизони рушди иқтисодӣ дар кишварҳои шарики тиҷоратии Ӯзбекистон бастагӣ дорад", — пешбинӣ мекунанд дар СБП.
Раванди мақомоти расмӣ барои афзоиши судовари истифода аз манобеъӣ энержӣ ва ҳамчунин хусусисозии 1500 муъассисоти давлатӣ аз сӯйи СБП хуб арзёбӣ шуд.