Дар бозори “Шоҳмансур” фурӯши хушкмева манъ шуд

© Sputnik / Амир ИсаевБозори "Шоҳмансур". Акс аз бойгонӣ
Бозори Шоҳмансур. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз ин ба баъд дар бозори “Шоҳмансур” фурӯши бодом, писта, мавиз, чормағз, зардолуи хушк, ғулинг, анҷир ва асал фурухта намешавад. Ин навъи маҳсулотро мумкин аст аз бозори “Пойтахт 90” харидорӣ кард.

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе қарори манъи фурӯши меваҳои хушк дар бозори "Шоҳмансур"-и пойтахтро содир кард, менависад сомонаи шаҳрдорӣ.

Бар асоси ин қарор, ки рӯзи 13 май содир шуд, аз ин ба баъд дар бозори "Шоҳмансур" фурӯхтани мавиз, писта, бодом, чормағз, фундук, донаи зардолу, ғулинг, нахуди бирён, анҷир ва дигар меваҳои хушк ва асал манъ гардидааст.

Раҳбарияти бозор муваззаф шудааст, то ба фурӯши молҳои саноатӣ роҳ надода, дар ҳудуди бозор танҳо фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, агросаноатӣ ва маводи ғизоиро ба роҳ монад.

Бозори Шоҳмансур. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар бозори “Шоҳмансур” фаъолияти 200 фурӯшгоҳ масдуд шуд

Убайдуллоев бо содир кардани ин қарор Муассисаи давлатии коммуналии "Душанбенақлиётхадамот-расон"-ро вазифадор кардааст, то дар робита ба ҳолатҳои таваққуфи дарозмуддати воситаҳои нақлиёти мусофиркаши хатсайрҳои №4, 8, 16, 18 ва 67, тариқи роҳҳои гирду атрофи бозори "Шоҳмансур" чораандешӣ намоянд. Инчунин ба Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Душанбе дастур шуда, нисбати таксиҳои хурди мусофиркаш дар назди бозори мазкур бар асоси талаботи Қонуни ҶТ "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" ва қонунгузории амалкунанда, чораҷӯӣ кунад.

Соҳибкорони бозори "Шаҳмонсур", ки ба фурӯши меваҳои хушк машғул буданд, охирҳои моҳи апрел ба Маҷмаи савдои "Пойтахт 90" интиқол дода шуданд.

Лентаи хабарҳо
0