Дар бозори “Шоҳмансур” фаъолияти 200 фурӯшгоҳ масдуд шуд

© Sputnik / Амир ИсаевБозори "Шоҳмансур". Акс аз бойгонӣ
Бозори Шоҳмансур. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷирони маҳсулоти ғайриғизоӣ, ки дар пайи дастури шаҳрдории Душанбе аз фурӯшгоҳҳои худ дар бозори пойтахти Тоҷикистон маҳрум шуданд, дар назди телевизиони давлатии кишвар ҳамоиши эътирозӣ карданд.

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Тасмими ҷадиди шаҳрдории Душанбе дар бораи манъи фурӯши маҳсулоти ғайриғизоӣ дар бозори "Шоҳмансур"-и пойтахт боъиси масдудшавии 200 фурӯшгоҳ шуд, менависад Радиои Озодӣ.

Чунин тасмим ба эътирозоти тоҷирони собиқи ин бозор мунҷар шуд ва онҳо якҷо бо хонаводаҳои худ рӯзи шанбе дар назди бинои "Шабакаи аввал"-и телевизиони давлатӣ таҷаммуъ карда тақозо доштанд, ки онҳоро гӯш диҳанд. Вале ба назди тоҷирони осебдида, ки ба гуфтаи онҳо, барои рушди тиҷорати худ аз бонкҳо аз 3 то 20 ҳазор долларӣ қарз гирифтаанд, касе набаромад, менависад радио.

Убайдуллоев алайҳи “ифротгароӣ”-и занон қарор содир кард

"Дар бозор тибқи тасмими шаҳрдорӣ бояд танҳо маҳсулоти ғизоӣ ба фурӯш гузошта шаванд. Ба ин далел мо аз куллияи тоҷирон, ки дар дӯконҳои онҳо масолеҳи хона, матоъ ва ё либос фурӯхта мешуд, хоҳиш кардем, ки анвои маҳсулоти худро тағйир диҳанд ва ё аз тиҷорат даст бикашанд", — тавзеъ дод дар сӯҳбат бо радио муъовини раиси бозори "Шоҳмансур" Сайвалӣ Сабзаев.

Вай афзуд, ки дар натиҷа 200 фурӯшгоҳ озод карда шуданд.

Ҳамчунин тибқи дастури шаҳрдор Маҳмадсаид Убайдуллоев аз 1 май фурӯши маҳсулот дар кӯчаҳои атрофи бозор манъ карда мешавад. Дар шаҳрдорӣ далели чунин тасмимро ба он рабт доданд, ки ахиран танзими ҳаракати васоили нақлия дар ин маҳал душвор шудааст.

Лентаи хабарҳо
0