Бунёди глобалӣ Кумитаи ҷавононро дар сохтакорӣ айбдор мекунад

© Sputnik / Амир ИсаевБинои Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бинои Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дафтари бозрасии кулли Амрико баъд аз як тафтиш Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба сохтакорӣ дар ҳисоботи молиявӣ ва эҳтимоли тақаллуб айбдор кардааст.

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Дафтари бозрасии кулли Амрико ҳангоми тафтиши иҷрои як тарҳи мубориза бо бемории ВИЧ/СПИД, ки онро Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон татбиқ мекард, аломатҳои тақаллуб ва сохтакориро ошкор кардааст, менависад сомонаи ин дафтар.

Комитети давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон $63 миллион кӯмакҳои молӣ гирифт

Ба гуфтаи бозрасони Дафтари бозрасии кулли Амрико (Office of Inspector General — OIG) аз ҳисоби бештар аз 300 ҳазор долларе, ки Бунёди глобалӣ аз тариқи тақсимкунандаи асосии кӯмакҳо — Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ба Кумитаи ҷавонон додааст, дар сарфи 116 ҳазору 726 доллари он сохтакорӣ сурат гирифтааст.

Баъд аз ифшои сохтакорӣ, Бунёди глобалӣ аз дафтари UNDP дар Тоҷикистон талаб кардааст, ки маблағҳои тақаллубшударо бозгардонад. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон бошад, ба феҳрасти "сиёҳ"-и Бунёди глобалӣ шомил шуд ва дигар ҳаққи гирифтани кӯмак аз ин бунёдро надорад.

Бунёди глобалӣ барои мубориза бо бемории сил, ВИЧ/СПИД ва табларза дар кишварҳои камбизоати ҷаҳон барнома иҷро мекунад ва то кунун ба Тоҷикистон 139 миллион доллар кӯмак расондааст.

Бозрасони амрикоӣ ҷузъиёти харҷи маблағҳоро бо санадҳои кумита ва коршарики он — ширкати хусусие бо номи "Комёб" нашр кардаанд ва мегӯянд, баъзе аз санадҳо сохтакорӣ шудаанд.

Барои як барномаи пешгирӣ аз бемории норасоии масунияти бадан дар Тоҷикистон Бунёди глобалӣ ба Кумитаи ҷавонон аз моҳи июли соли 2011 то ноябри 2012 беш аз 300 000 доллар додааст. Ба гуфтаи муфаттишон, Кумитаи ҷавонони Тоҷикистон ба ширкати "Комёб" барои харидани молу ашёи гуногун, аз ҷумла MP3, DVD-плейерҳо, дафтару қалам ва бастаҳои беҳдоштӣ пули барзиёд додааст, ҳарчанд ин ашё дар бозор арзонтар будаанд. Бозрасҳо навиштаанд, ки нархи як MP3 Player дар 12 моҳ аз 64 то 140 сомонӣ, яъне 118 фоиз бештар нишон дода шудааст. Ин дар ҳолест, ки як ожонсии таҳқиқи нархҳо дар Тоҷикистон қиммати як MP3 Player- ро ба бозрасҳо 31 сомонӣ гуфтааст, ки назар ба 140 сомонӣ ба маротиб камтар аст.

Халтаи орд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон аз ИА ба маблағи 180 миллион евро кӯмакҳо гирифтааст

Бозрасони амрикоӣ мегӯянд, дар ҳисоботи хоҷагидорӣ молу ашё бо арзиши зиёда аз 7 ҳазор доллар зикр гардааст, аммо ин мавод аслан харидорӣ нашудаанд. Ширкати "Комёб" ҳам натавонистааст санадҳои собиткунандаи ин харидҳоро пешниҳод кунад.

Масалан, ширкати "Комёб" санади хариди 127 DVD Player-ро ба бозрасон нишон додааст, вале дар санадҳои Кумитаи ҷавонон омадааст, ки онҳо 232 плейер харидаанд. Ширкати "Комёб" санади харидани 444 бастаи беҳдоштиро дорад, вале дар санадҳои кумита ин ашё беш аз 100 дона зиёдтар омадааст.

Бозрасони амрикоӣ ҳамчунин ба шеваи интихоби коршарикони Кумитаи ҷавонон, ки бидуни алтернатива ва бо қонуншиканӣ сурат гирифтааст, эрод гирифтаанд.

Ба гуфтаи муфаттишон, ширкати "Комёб" соли 2013 дар нишоние сабт шудааст, ки истиқоматкунандаи он манзил аслан аз вуҷуди чунин ширкат хабар надоштааст ва гузашта аз ин дафтари ширкати "Комёб" барои чанд муддат ба яке аз қароргоҳҳои Кумитаи ҷавонон кӯчидааст.

Бо назардошти ин дафтари UNDP ва ниҳодҳои иҷрокунандаи тарҳ бояд то охири имсол бештар аз 116 ҳазор долларро, ки метавонист барои пешгирӣ аз бемории ВИЧ/СПИД дар Тоҷикистон сарф шавад, ба Бунёди Глобалӣ баргардонанд.

Мақомоти феълӣ ва пешинаи Кумитаи ҷавонон дар шарҳи ин гузориш ба "Радиои Озодӣ" гуфтаанд, ки дар воқеъ чунин тафтиш сурат гирифт ва аудиторҳои амрикоӣ дахлу харҷи Кумитаро аз рӯи барномаи мубориза бо СПИД санҷида буданд. Аммо ин ниҳод гуфтааст, натиҷаи ин санҷиш то ҳол ба дасти онҳо нарасидааст.

Лентаи хабарҳо
0