ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Дар семоҳаи аввали соли 2015 Тоҷикистон бо шарикони рушд ба маблағи умумии $65 млн созишномаҳо имзо кардааст, ки аз ин маблағ $63 млн. (97%) кӯмакҳои молии билоъиваз мебошанд, хабар медиҳад сомонаи Комитети давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон.
Феълан дар Тоҷикистон 55 тарҳи сармоягузорӣ ба маблағи умумии $2,3 миллиард иҷро мешаванд, ки $1,07 миллиардаш кӯмакҳои молии билоъиваз мебошанд.
Дар ҳаҷми ин сармоягузориҳо — 45% қарзҳо ва 47% кӯмакҳои молии бебозгашт ҳастанд. 6,6% сармоягузориҳоро ҳукумати Тоҷикистон ва манобеъи дигари молӣ анҷом медиҳанд. Мизони корхонаҳои давлатӣ 1,3% мебошад.
Ҳаҷми маболиғи истифодашуда дар чорчӯби ин тарҳҳо ба 1 апрел ба $1 миллиард расида 45% ҳаҷми умумии сармоягузориҳоро ташкил медиҳад.
Аз аввали сол ин нишондод баробари $47,5 миллион шуд.