ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Сарбози баталйони сулҳхоҳи Вазорати дифои Тоҷикистон Ромиз Шарифов баъди латту кӯби ҳамхизматаш аз гуфтор маҳрум шудааст, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ.
Муфаттиши додситонии низомӣ Лутфулло Қаландарзода гуфтааст, вобаста ба ин ҳодиса парванда боз шудааст ва онҳо мунтазири экспертиза ё ташхиси тиббиянд.Ба қавли ӯ, тафтишот идома дорад ва бештар аз он чизе илова карда наметавонад.
Аммо наздикони Ромиз Шарифов мегӯянд, ки ҳоло ӯ дар бемористони ҳарбии воқеъ дар маҳалли 46-уми пойтахт бистарӣ буда, таҳти назорати табибон қарор дорад. Саидбой Шарифов, сокини деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ ва бародари Ромиз Шарифов, гуфт, онҳо танҳо баъд аз як моҳ аз ин ҳодиса огоҳ шуда, ҳоло ба Душанбе омадаанд, то ба мушкили бародари худ расидагӣ кунанд.
"Фармондеҳони қисми ҳарбӣ ҳодисаи латту кӯби бародарамро пинҳон дошта, баъд аз он ки аз гап мемонад, ӯро ба девонахонаи ноҳияи Рӯдакӣ бурдаанд. Онҳо ният доштаанд, гуноҳро ба гардани худи ӯ зананд, ки аз таъсири бемории руҳӣ наметавонад гап занад ва аммо баъди огоҳ шудан аз қазия мо ба Вазорати дифоъ шикоят кардем. Акнун бародарам дар касалхонаи Вазорати дифоъ табобат мегирад",-афзуд Шарифов.
Пайвандони сарбози латтукӯбшуда иддао доранд, ки якуним моҳ қабл Амриддин Мирзозода, сарбози қисми ҳарбии Вазорати дифои Тоҷикистон, ки баталйони зудамали сулҳхоҳ дар он ҷо воқеъст, фарзандашонро ба хотири он ки ба вай нодуруст "саломи низомӣ" додааст, дар гулӯи вай зада, боиси аз гап монданаш мешавад.
Ромиз Шарифов сокини деҳаи Вешаб дар моҳи майи соли 2014 ба хизмати ҳарбӣ даъват мешавад ва тайи як сол дар баталйони зудамали сулҳхоҳи Вазорати дифоъ хидмат мекунад.