ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Тибқи омори ахир беш аз 350 нафар ҷавонони Тоҷикистон ба гурӯҳҳои тундгарову ифротӣ пайвастаанд, изҳор дошт раҳбари ВКД Рамазон Раҳимзода рӯзи якшанбе дар Кӯлоб, менависад хабаргузории "Ховар".
Вазир дар ин бора зимни суханронии худ дар ҳамоиши "Ҳамкории ҷавонон бо ниҳодҳои интизомӣ дар мубориза бо тундгароӣ ва ифротгароӣ" изҳор дошт, ки дар ин семинар беш аз 500 нафар ширкат доштанд.
Раҳимзода гуфт, ки тибқи иттилоъи ахири пажӯҳишӣ беш аз 350 нафар ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро пайвастаанд. Дар ҳамин ҳол вай дақиқ накард, ки ин афрод ба чӣ созмонҳое пайвастаанд.
Қаблан вазир гуфта буд, ки дар суфуфи гурӯҳҳои тундгаро ва ифротӣ дар хоориҷи кишвар 200-300 нафар атбоъи Тоҷикистон меҷанганд.