ДУШАНБЕ, 11 мая — Sputnik. Қиммату арзиши маҳсулот ва хадамот дар Тоҷикистон дар моҳи апрел 0,7% афзоиш ёфтаанд, хабар медиҳад сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон.
Аз моҳи январ то моҳи апрели соли 2015 афзоиши қиммати маҳсулот дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 1,2% будааст, ки 1,5% камтар аз омори ҳамин давраи соли 2014 мебошад.
Дар моҳи апрели соли гузашта мизони таваррум 1,5% буд, ки аз омори соли ҷорӣ 0,8% бештар аст.
Дар авоили соли ҷорӣ ҳукумати кишвар пешбинӣ кард, ки сатҳи таваррум дар соли 2015 ҳудуди 7,5% хоҳад буд.
Дар авохири соли 2014 мизони таваррум дар Тоҷикистон 7,4% буд ва нишондоди пасттарин дар соли 2013 — 3,7% сабт шудааст.