ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Мизони таваррум дар Тоҷикистон дар нахустин моҳи соли ҷорӣ 0,6% унвон шудааст, ки ба 0,2% бештар аз омори моҳи январи соли 2014 мебошад, навиштааст сойти интернетии Бонки миллии Тоҷикистон.
Таваррум дар бахши истеъмолӣ дар моҳи январи соли 2015 0,6% будааст. Арзиши қимати маводи ғизоӣ боло рафта дар мизони 0,9% қарор дорад, ки ба 0,4% бештар аз нишондоди моҳи январи соли гузашта мебошад.
Қимати маводи дигар бо шиддати пасттар боло рафтаанд. Таваррум дар ин бахш ҳамагӣ 0,1% будааст, ки мутобиқи нишондоди соли гузашта мебошад. Дар бахши хадамот таваррум 0,5% шудааст.
Ҳукумати Тоҷикистон қасд дорад дар соли 2015 таваррумро дар мизони 7,5% ҳифз кунад.
Дар ҷамъбасти соли 2014 таваррум дар Тоҷикистон дар сатҳи 7,4% буд ва нишондоди пасттарин дар соли 2013 — 3,7% сабт шуда буд.