ДУШАНБЕ, 8 мая — Sputnik. Дастикам 30 ҷангҷӯ рӯзи чаҳоршанбе дар пай як амалиёти вижа жар вилояти шимолу шарқии Бағлони Афғонистон кушта шуда ва боз 10 нафари дигар боздошт шудаанд, хабар медиҳад шабакаи телевизионии "Tolo News".
Амалиёти ниҳодҳои амниятӣ ба манзури озодкунии мусофирони автобус, ки моҳи феврал гаравгон гирифта шуда буданд, сурат гирифт. Он замон толибон 30 мусофири автобусро дар ҷоддаи миёни Ҳирот ва Кобул дар вилояти Зобул гаравгон гирифта буданд.
Ба гуфтаи волии вилояти Зобул Ашраф Носирӣ, толибон дар маҳалли Ҳақ кушта шуданд. Ба гуфтаи вай боз 25 ҷангҷӯ захмӣ шудаанд.
Иттилоъ дар бораи талафот миёни низомиён ва аҳолии маҳаллӣ ба даст нарасидааст. Амалиёти ҷустуҷӯи мусофирон идома дорад.