Беш аз 140 тан мухолифини давлати Афғонистон дар Кундуз кушта шуданд

© AP / Massoud HossainiСпецназ МВД Афганистана. Архивное фото
Спецназ МВД Афганистана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абдулвосеъ Босил сухангуи вилояти Кундуз дар гуфтугӯ бо радиои Sputnik - дарӣ гуфт, ки дар ин вилоят даргирии сахте байни Толибон ва нируҳои амниятӣ идома дорад.

ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Дар натиҷаи даргирӣ дар вилояти Кундузи Афғонистон беш аз 140 тан мухолифини давлат кушта ва 120 тани дигар захм бардоштанд, дар ин бора хабаргузории Sputnik — дарӣ бо истинод ба сухангӯи вилоят гузориш медиҳад.

Афсари афғон аз тирезаи чархбол назорат мекунад. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҷангиёни хориҷӣ дар шимоли Афғонистон таҷаммуъ мекунанд

Абдулвосеъ Босил, сухангӯи вилояти Кундуз дар гуфтугӯ бо радиои Sputnik гуфт, ки дар ин вилоят даргирии сахте байни Толибон ва нируҳои амниятӣ идома дорад. Ба гуфтаи оқои Босил, дар натиҷаи ин даргириҳо 20 тан аз нируҳои амниятӣ кушта в 26 нафари дигар захм бардоштанд.

Ӯ инчуни таъкид намуд, ки даргириҳои нируи амниятии кишвар бо ифротгароён дар манотиқи истқоматӣ ҷараён доранд. Ӯ бо таассуф иброз дошт, ки дар асари ин даргириҳо панҷ тан аз афроди мулкӣ, бо шумули як зан ва як духтари хурдсол, ҷароҳат бардоштанд.

"Панҷ нафар аз афроди мулкӣ, ки як хонум ва як духтараки хурдсол ҳастанд, дар ин даргиҳое, ки бо шакли пароканда ҳам сурат гирифта буданд бо исобати аслиҳаи мухолифин захм бардоштанд. Аммо аз кушта шудан ва ё шаҳид шудани афроди мулкӣ кадом хабаре нест",- гуфт дар суҳбат бо радиои Sputnik Абдулвосеъ Босил.

Бино ба иттилои сухангӯи вилояти Кундуз, даргириҳо дар қарияву қасаботи вулусволии Эмом Соҳиб ва қарияи Гултеппа, ки марбут ба Кундуз мебошад сурат гирифтанд.

Лентаи хабарҳо
0