ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Нозанин Муҳаммадӣ, модари 24 сола дар Душанбе сегоник таваллуд намудааст, ки ҳар сеяшон духтар мебошанд, менависад хабаргузории "Озодагон".
Дар ин бора ба хабаргузорӣ Амирҷон Сафаров, падари сегоникҳо хабар додааст. Падари тифлакон афзудааст, духтарҳояш 1-уми май дар таваллудхонаи маъруф ба "Якум Советский" ба дунё омадаанд.
"Ду духтарчаам 2 кило ва як нафараш 1 килою 900 грам вазн доранд", — хабар додааст Сафаров.
Падари сегоникҳо гуфтааст, феълан вазъи саломатии духтарҳо ва ҳамсараш хуб аст. Ба суоли хабаргузорӣ дар мавриди вазъи иҷтимоии хонаводааш, Сафаров посух додааст, зодаи ноҳияи Фархор аст ва дар Душанбе иҷоранишин буда, аз ҳисоби фурӯши моли тоҷирони дигар зиндагиашро пеш мебарад.
Дар гузашта дар шаҳри Душанбе модаре якбора 3 тифл ба дунё овард ва аз ҷониби мақомоти кишвар ба ҳайси тӯҳфа соҳиби як хонаи дуҳуҷраӣ шуд.