ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои 99, 5 дарсади нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ хабар дода мегӯяд, қабл аз муҳлати пешбинишуда нақшаро иҷро мекунанд, навиштааст хабаргузории "Озодагон".
Аз дафтари матбуотии ин ниҳод ба хабаргузорӣ гуфтаанд, нақшаи даъватро аввалин шуда вилояти Хатлон иҷро кардааст. Ба дунбол комиссариатҳои ҳарбии 4 ноҳияи шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд аз иҷрои нақша хабар додаанд.
Манбаъ мегӯяд, ҳоло дар вилояти Бадахшон ва навоҳии тобеи марказ даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ идома дорад ва дар назар аст, пеш аз муҳлат нақша 100% иҷро шавад.
Даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз якуми апрел оғоз гардида, то охири моҳи май идома хоҳад ёфт.