Сарбози вазорати дифоъ бо тире дар сар дар бемористон бистарӣ шуд

CC BY 2.0 / marissa anderson / hospitalТаҷҳизоти тиббӣ. Акс аз бойгонӣ
Таҷҳизоти тиббӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳадс зада мешавад, ки сарбоз қасди худкушӣ аз роҳи шиллики тир аз автомат кардааст.

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Наҷмиддин Қаюмов, сарбозb ҷавон, ки ба нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз шаҳри Хуҷанд тирамоҳи соли гузашта даъват шудааст, бо захми тир дар сар дар бемористони "Қарияи боло" бистарӣ шудааст, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Ба гуфтаи ҳамхидматонаш, сарбоз хостааст бо шиллики тир аз автомати "Калашников" худкушӣ кунад, менависад радио. Бо истинод ба ин гуфтаҳо Озодӣ менависад, ки ин ҷавон бидуни иҷоза автоматро гирифта зери манаҳи худ мегузорад ва тир мепарронад.

Ба ин суол, ки оё сарбоз метавонад ба худ чанд тир шиллик кунад ва далоили ин амри худкушӣ чист аз ҳамхидматон, пайвандон ва вазорати дифоъ то ҳол посухе рӯшане нест.

"Сарбозе, ки дар воҳиди низомии воқеъ дар назди вазорати дифоъ адои хидмат мекард, рӯзи якшанбеи гузашта нахуст дар бемористони низомӣ ва сипас дар Маркази миллии тандурустӣ бистарӣ карда шуд. Вай аз маҳалли сари худ тир хурда дар бахши эҳё қарор дорад ва ба таҷҳизоти нафаскашии маснуъӣ пайваст карда шудааст", — хабар додааст манбаъе дар вазорати дифоъ ба хабаргузории Азия-Плюс.

Бозрасии муқаддамотӣ эҳтимол мекунад, ки сарбоз дар пайи худкушӣ дар бемористон бистарӣ шудааст ва вазорати дифоъ дар ин робита расман иттилоъ хоҳад дод, навиштааст хабаргузорӣ.

Лентаи хабарҳо
0