ИФМ ФР: беш аз 1,3 миллион нафар мамнуъ-ул-вуруди Русия шуданд

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкКорманди ИФМ дар метрои Москав. Акс аз бойгонӣ
Корманди ИФМ дар метрои Москав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Манъи вуруд аз панҷ то даҳ сол беҳтарин наҳваи танзим мебошад, зикр кард дар дидор бо раиси ҷумҳури Русия Фладимир Путин раҳбари ИФМ ФР.

ДУШАНБЕ, 7 мая — Sputnik. Дар Русия беш аз 1,3 миллион нафар барои нақзи муқаррароти будубош мамнуъ-ул-вуруд шудаанд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба раҳбари ИФМ ФР Константин Ромодановский.

Зимни сӯҳбат бо раиси ҷумҳури ФР Владимир Путин раҳбари Идораи муҳоҷират зикр кард, ки манъи вуруд ба қаламрави Русия аз панҷ то даҳ сол беҳтарин навҳаи танзим мебошад. Бад ин тартиб, барои бори нахуст дар кишвар раванди бенизоми муҳоҷирон боздошта шуд. Феълан барои 1 миллиону 350 ҳазор нафар нақзкунандагони муқаррароти будубош вуруд ба Русия мамнуъ шудааст.

ФР барои нақзи реҷаи муҳоҷират манъи вуруд то 10 солро ҷорӣ менамояд

Ба гуфтаи Ромодановский, феълан дар Русия, бидуни шаҳрвандони Украина, 10 миллион нафар қарор доранд. Вай таъкид кард, ки ин теъдод барои кишвар маъмулӣ мебошад.

Ҳамчунин раҳбари ИФМ таъкид дошт, ки коҳиши теъдоди атбоъи хориҷӣ умдатан аз ҳисоби афзоиши теъдоди берун мешудагон сурат мегирад, ки ба коҳиши мизони ҷароим мусоъидат мекунад.

Лентаи хабарҳо
0