ДУШАНБЕ, 7 мая — Sputnik. Ширкати миллии ҳавоии "Ӯзбекистон ҳаво йуллари" дар бораи таввақуфи муввақатии парвозҳо дар масири Тошканд-Киев-Тошканд аз 12 майро эълом кард, хабар медиҳад сомонаи ширкати ҳавоии "Ӯзбекистон ҳаво йуллари".
Таваққуфи муввақатии парвозҳо аз Ӯзбекистон ба Украина ба адами тавофуқот миёни мақомоти ҳавонавардии ду кишвар барои истифодаи масирҳои парвозҳо марбут аст.
"Ширкати ҳавоӣ омода аст бозпас додани комили маблағи билетҳои харидоришуда бидуни нагҳ доштани аворизҳоро кафолат бидиҳад ва ё мунтақили мусофироне, ки билети парвоз доранд, тавассути парвозҳои дигари ширкати "Ӯзбекистон ҳаво йуллари" бидуни пардохти изофӣ анҷом бидиҳад", — омадааст дар хабари ширкат.
Дар ҳамин ҳол "Ӯзбекистон ҳаво йқллари" аз оғози парвозҳои ҷадид дар масири Тошканд-Минск-Тошканд эълом кард. Фурӯши чиптаҳо барои ин парвозҳо аз 2 июл оғоз мешаванд.
Ширкати ҳавоӣ эълом кардааст, ки парвозҳо ба Белорус тавассути ҳавопаймоҳои А320 ҳафтае ду маротиба — рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе анҷом мешаванд.
Дар ҳамин ҳол Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тибқи иттилоъи манобеъи мухталиф музокирот барои аз сар гирифтани парвозҳо миёни Душанбе ва Тошкандро идома медиҳанд. Парвозҳо дар ин масир дар даҳаи 1990 ба ибтикори якҷониба масдуд шуда буд.