Душанбе бо Тошканд мавзӯъи аз сар гирифтани парвозҳоро баррасӣ мекунад

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкҲавопаймои Airbus A330. Акс аз бойгонӣ
Ҳавопаймои Airbus A330. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мавзӯъи аз сар гирифтани парвозҳо миёни Душанбе ва Тошканд, ки аз соли 1992 қатъ шудааст, ҳанӯз ҳал нашуда ва эҳтимол дорад ин масъала 29-уми январ дар Истанбул баррасӣ шавад.

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон қасд дорад мавзӯъи азсаргири парвозҳо миёни Душанбе ва Тошкандро 29-уми январ дар Истанбул дар чорчӯби ҷаласаи кумиссиюни байниҳукуматии TRACECA ба баррасӣ бигирад, гуфт Хайрулло Асозода, вазири нақлиёти Тоҷикистон дар нишасти матбуотии созмонёфта дар Душанбе.

Мавзӯъи азсаргирии парвозҳо миёни Душанбе ва Тошканд, ки аз соли 1992 муттавақиф шуда буд, ҳанӯз ҳал нашудааст, зикр кард вазир.

Дар чорчӯби ҳамоиши раҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки дар моҳи сентябри соли 2014 дар Душанбе баргузор шуд, руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар мавриди густариши ҳамкориҳои ду кишвар тавофуқ карданд.

"Мо дар бораи роҳҳои ҳавоӣ бо Ӯзбакистон тавофуқ дорем, вале то ҳол вазорати нақлиёти Ӯзбакистон ба номаи мо дар бораи азсаргирии парвозҳо посух надодааст", — гуфт Асозода.

Қаблан бархе аз расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ хабар доданд, ки Тошканд парвозҳо ба Душанберо 29-уми март аз сар мегирад. Ин парвозҳо аз сӯйи ширкати ӯзбакистонии "Uzbekistan airways" анҷом мешаванд.

Парвозҳои мустақим миёни Ӯзбакистон ва Тоҷикистон, аз ҷумла миёни Тошканд ва Душанбе, соли 1992, замоне ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуда буд, муттавақиф шуданд.

Он замон миёни ин ду кишвар муқаррароти раводид (виза) барои омаду рафти атбоъи ду кишвар роҳандозӣ шуд.

Феълан, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қасди сафар ба Ӯзбакистонро доранд, тавассути мошин аз гузаргоҳҳои марзӣ убур мекунанд ва ё аз   тариқи ҳавопаймо таввасути Русия ё кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ сафар мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0