ДУШАНБЕ, 6 мая — Sputnik. Дар соли ҷорӣ дар Афғонистон ҳосили бесобиқаи афюн пешбинӣ мешавад, навиштааст хабаргузории "Tojnews" бо истинод ба мақомоти вилоёти ҷанубии Афғонистон.
"Талошҳои ниҳодҳои интизомӣ барои нобудсозии кишти кӯкнор мизони тавлиди онро коҳиш надоданд. Баръакс, ҳоло гурӯҳҳои ҷиноӣ кишоварзонро бо тухмии ҷадид таъмин мекунанд, ки ба хушкӣ бештар тобовар буда ҳосилаш зудтар мепазад", — омадааст дар хабар.
Ба иттилоъи мақомот, афзоиши тавлиди маводди мухаддир ба ин нукта рабт дорад, ки соли гузашта аз ин раванд ҷилавгирӣ нашуд. Дар соли 2014 дар Афғонистон 7800 тонна кӯкнор тавлид шуд, ки нисбати соли 2013 17% бештар аст.
Коршиносони СММ дар умури маводди мухаддир ва ҷароим зикр мекунанд, ки ҳамасола тавлиди маводди мухаддир дар Афғонистон ба ин кишвар ҳудуди се миллиард доллар суди ғайрирасмӣ меоварад.
Ба тавлиди маводди мухаддир дар Афғонистон аз ҳама бештар ҷангиёни "Толибон" алоқаманд ҳастанд, зеро аз суди фурӯши маводди мухаддир онҳо худро бо аслиҳа таъмин мекунанд.
Ба гуфтаи мушовири раиси ҷумҳури Афғонистон дар умури амнияти миллӣ Муҳаммад Ҳаниф Атмар, ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" метавонанд дар ин замина ба толибон рақиб шаванд, зеро онҳо низ ба дастёбӣ ба суди назорат бар маводди мухаддир дар ин кишвар алоқаманд ҳастанд.