ОНММ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 1,2 тонна мухаддиротро забт кард

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкМаҳви маводди мухаддир
Маҳви маводди мухаддир - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Миқдори маводди мухаддире, ки маъмурони мухаддаротии Тоҷикистон забт кардаанд, дар муқоъиса бо ҳамин давраи соли гузашта андаке бештар аст ва аз рӯйи миқдор пойтахти кишвар пешсаф мебошад.

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ ниҳоди зиддимухаддаротии Тоҷикистон аз гардиши ғайриқонунӣ 1,2 тонна маводди мухаддиро забт кардааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 0,2% бештар аст, хабар медиҳад ОНММ ҶТ.

Аз ҳаҷми умумии маводди мухаддири забтшуда 637 килограмро афюн ташкил медиҳад, ки 24,7% ҳероин мебошад, 626 килограмро мухаддироти бангдона ва барои бори нахуст 29 грамм кокаин будааст. Ҳамчунин дар семоҳаи аввал се маротиба бештар мухаддироти маснуъӣ — 3,317 адад дору забт шудааст, ки нисбати соли гузашта бештар мебошад.

Маҳвсозии маводди мухаддир. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ниҳодҳои вижаи Тоҷикистону Қирғизистон 9 кг ҳероинро забт карданд

Бештар аз ҳама дар Душанбе маводди мухаддир ошкор ва забт шудааст — 46,7% куллияи мухаддирот ва камтар аз ҳама дар ВМБК — 13% ошкор шудааст.

Ин дар ҳолест, ки миқдори ҷароими мухаддаротӣ, ба иттилоъи ОНММ ҶТ, коҳиш ёфтааст. То авохири моҳи март дар кишвар 307 ҷиноят сабт шудааст, ки 11% камтар аз омори ҳамин давраи соли 2014 мебошад.

Ба манзури ҳамоҳангсозӣ дар соли 2015 Ожонсӣ якҷо бо ниҳодҳои интизомии Афғонистон ҳашт амалиёти муштарак баргузор карданд, ки дар ҷараёни онҳо аз муъомилоти ғайриқонунӣ беш аз 374 килограмм маводди мухаддир заб шуда 1 тавлидгоҳи ҳероин дар вилояти Бадахшони Афғонистон тахриб карда шуд.

Амалиёти муштараки мушобеҳ ҳамчунин бо Идораи давлатии назорат бар маводди мухаддири Ҷумҳурии Қирғизистон дар шаҳри Бишкек анҷом дода шуд, ки дар пайи он беш аз 7 килограмм ҳероин забт шуд.

Лентаи хабарҳо
0